Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, барои бозгаштани пизишкони узбек аз хориҷа ба зодгоҳашон шароити беҳтар ваъда дод.
Ӯ 27-уми октябр дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ гуфт, барои онҳо на танҳо ҷойи кору маош, балки ҳар моҳ то 4-ҳазордолларӣ иловапулӣ дода мешавад.
Дафтари матбуоти президенти Узбекистон навишт, ба ҷуз ин, ба онҳо имкон дода хоҳад шуд, ки дастаи мутахассисони худро мустақилона интихоб кунанд.
Мирзиёев ба пизишкони дохили ҷумҳурӣ низ баъзе сабукӣ ва имтиёз эълон кардааст.
"Ман фақат мехоҳам, ҳар корманди соҳаи тиб аз худ бипурсад, ки имрӯз барои беҳтар шудани саломати мардум чӣ кор кард? Агар мо ҳар рӯз ба ин суол ҷавоб ёбем, ин ба дигаргунии калоне ҳам дар низоми тандурустӣ ва ҳам дар вазъи саломати мардуми мо оварда мерасонад," -- гуфтааст раисҷумҳури Узбекистон.
Давраи ҳукмронии Ислом Каримов, раисҷумҳури нахустини Узбекистонро бо падидаи "фирори мағзҳо" ёдоварӣ мекунанд.
Дар он давра шуморе аз донишмандону муҳандисон, табибон, омӯзгорон ва барномасозон бо сабаби даромади каму таварруми баланд дар Узбекистон ба Русия, Аврупо, Иёлоти Муттаҳида, Канада ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ кӯчиданд.
Шавкат Мирзиёев баъди ба қудрат расидан ҳамватанони соҳиби ихтисосашро, ки дар хориҷа кору зиндагӣ мекунанд, ба бозгашт ба Узбекистон даъват кардааст.