Узбекистон қаҳрамони CAFA (U-20) миёни занон шуд. Тоҷикистон бе медал монд

Мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои занона (CAFA U-20 Women's Championship 2026), ки аз 21-ум то 25-уми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид, бо пирӯзии мунтахаби Узбекистон ба поён расид.

Дар даври севуми мусобиқа мунтахаби Узбекистон дастаи Тоҷикистонро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод. Дар бозии дигари даври охирин тими Эрон мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Пас аз натиҷагирии даври севуми мусобиқа дар ҷадвал тимҳои Эрону Узбекистон ҳафтимтиёзӣ гирифтанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо (+8) мунтахаби Узбекистон мақоми аввалро касб намуд. Тими Эрон (+2) мақоми дувумро соҳиб шуд. Дастаи Қирғизистон бо шаш имтиёз ҷойи севумро азони худ кард. Мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев дар ҳарсе бозиаш дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (U-20) миёни занҳо аз тимҳои Эрон (2:3), Қирғизистон (0:2) ва Узбекистон (0:7) шикаст хӯрд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба дастаи мунтахаби Узбекистон Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тило тақдим гардид. Тими Эрон бо медалҳои нуқра сарфароз гашт. Ба дастаи Қирғизистон медалҳои биринҷӣ супурда шуд.

Ба Шаҳноза Деҳқонова аз дастаи мунтахаби Узбекистон ҷоизаи “Беҳтарин бозигар” тақдим гардид. Ҷоизаи “Беҳтарин нишонзан”-ро ҳамлагари мунтахаби Узбекистон Шаҳзода Алихонова ба даст овард.

Тими Узбекистон бо ҷоизаи “Fair Play” қадрдонӣ шуд. Мунтахаби Тоҷикистон соҳиби “Ҷоизаи вижа” (Special Award) гардид.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2026 миёни дастаҳои мунтахаби занона (U-20) дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо иштироки дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон аз рӯйи низоми даврӣ дар як марҳала барпо гардида, ҳар як даста се бозӣ анҷом дод. Дастае, ки бештар аз ҳама имтиёз гирифт, соҳиби Ҷоми CAFA-2026 шуд.

Барои дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) ин мусобиқа яке аз марҳалаҳои муҳими омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 ба ҳисоб мерафт, ки аз 28-уми август то 5-уми сентябри соли оянда доир хоҳад шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2026 миёни занон (U-20):

Даври якумЧемпионаты мира

21-уми июл (сешанбе)

Узбекистон – Қирғизистон – 1:0

Тоҷикистон – Эрон – 2:3

Даври дувум

23-юми июл (панҷшанбе)

Эрон- Узбекистон – 1:1

Қирғизистон – Тоҷикистон – 2:0

Даври севум

25-ум июл (шанбе)

Қирғизистон – Эрон – 1:2

Тоҷикистон – Узбекистон – 0:7

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

ҶДастаҳоБҒМБТӯбҳоИ
1Узбекистон32109-17
2Эрон32106-47
3Қирғизистон32013-36
4Тоҷикистон30032-120