Усмон Дембеле беҳтарин футболбози сол шуд

Усмон Дембеле, ҳамлагари 28-солаи бошгоҳи “ПСЖ” (“Пари Сен-Жермен”) ва тими миллии Фаронса, беҳтарин футболбози сол дониста шуд.

Дембеле, ки моҳи сентаябри имсол ҷоизаи нашрияи фаронсавии France Football “Тӯби тилоӣ”-ро ба даст овард, ҳамакнун бо ҷоизаи FIFA «Беҳтарин футболбози ҷаҳон» сарфароз гашт.

Маросими даҳуми ҷоизасупории The Best FIFA Football Awards 16-уми декабр дар пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа - доир гардид.

Як сол пеш нашрияи France Football ҷоизаи “Тӯби тилоӣ”-ро ба нимҳимоятгари “Манчестер Сити” Родри супурда буд, ҳол он ки FIFA беҳтарин бозигари сол ситораи «Реал» бразилӣ Винисиус Жуниорро эълон кард.

Ин дафъа бе ихтилоф шуд: ҳарду ҷоизаро футболбози «ПСЖ» ва мунтахаби Фаронса Усмон Дембеле гирифт. Ҳамлагар ба саҳна ба назди президенти ФИФА Ҷанни Инфантино баромада, дар суханронии худ саҳми бузурги дастаро дар комёбии бадастомада таъкид намуд.

Дар байни муддаиён имсол боз се ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо дар ҳайати бошгоҳи «ПСЖ» — марокашӣ Ашраф Ҳакимӣ, португолиҳо Нуну Мендеш ва Витиня, инчунин Харри Кейн («Бавария»), Килиан Мбаппе («Реал»), Коул Палмер («Челси»), Педри, Рафиня, Ламин Ямал (ҳарсе аз «Барселона») ва Муҳаммад Салоҳ («Ливерпул») буданд.

Дар интихоби ғолиб капитанҳо ва сармураббиёни тимҳои мунтахаби миллӣ, журналистон ва мухлисон (бо раъйдиҳӣ дар сомона) иштирок карданд.

Аз ҳама бештар Лионел Месси се бор беҳтарин футболбоз аз нигоҳи FIFA дониста шудааст. Криштиану Роналду ва Роберт Левандовски дуборӣ, Лука Модрич ва Винисиус якборӣ ба ин унвон даст ёфтаанд. Ҳамакнун ба ин рӯйхат номи Усмон Дембеле ворид шуд.

Дембеле дар ҳайати бошгоҳи “ПСЖ” 53 бозӣ карда, ҳамроҳи даста дар Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ғолиб шудааст. Вай 35 гол зада, 14 паси натиҷабахш додааст.

Ба ғайр аз ҷоизаи асосӣ "Беҳтарин футболбози сол", инчунин дар маросими ботантана ҷоизаҳои дигар ба соҳибонашон тақдим шуд.

Сармураббии “ПСЖ” Луис Энрике ҷоизаи “Беҳтарин мураббии сол”-ро ба даст овард. Дар мавсими 2024/25 бошгоҳи Париж бо роҳбарии ӯ қаҳрамони Фаронса, барандаи Ҷом ва Суперҷоми кишвар, ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо (дар финал «Интер»-ро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод) ва соҳиби Суперҷоми УЕФА шуд.

Сарина Вигман-Глотсбах (мунтахаби Англия) беҳтарин мураббӣ дар футболи занона эътироф гашт. Ин мутахассис бори дуюм пайиҳам дастаи мунтахаби миллиро қаҳрамони Аврупо кард. Шогирдони ӯ дар финал бар мунтахаби Испания аз рӯйи силсилаи пеналти пирӯз шуданд (1:1, 3:1- пеналти).

Айтана Бонмати аз бошгоҳи "Барселона" ва тими миллии Испания беҳтарин бозигари футболи занона шуд. Имсол нимҳимоятгари каталониҳо дар қаҳрамонии Испания, Ҷоми Малика ва Суперҷоми Испания пирӯз гардид. Вай 16 гол зада, 12 паси натиҷабахш додааст. Ин сеюмин ҷоизаи пайиҳами FIFA барои Айтана мебошад.

Ба Ҷонлуиҷи Доннарумма (“ПСЖ”) ҷоизаи беҳтарин дарвозабон ва Ҳанна Ҳэмптон (“Челси”) беҳтарин дарвозабони тими занона супурда шуд.

Ҷоизаи FIFA ба номи Пушкаш барои голи зеботарини сол насиби аргентинӣ Сантяго Монтелю гардид.