Гурӯҳе аз човандозон ё "cowboy"-ҳои амрикоӣ дар маросими бузкашӣ, ки ҳафтаи гузашта дар Ҳисор баргузор шуд, ширкат карданд. Ин човандозҳои барои иштирок дар чорабиниҳои наврӯзӣ аз Вайоминги Амрико ба Тоҷикистон омадаанд.
Дар ин маросим меҳмонон ҳунари асптозии худро ба намоиш гузоштанд ва бо човандозҳои тоҷик рақобати дӯстона карданд. Ин чорабиниро ҳукумати шаҳри Ҳисор дар якҷоягӣ бо сафорати Амрико дар доираи эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, доир намуданд.
Дар мусобиқаи асптозӣ ё бузкашӣ мисли дигар намудҳои варзиш барои ғолибон ҷоиза дода мешавад. Меҳмонони амрикоӣ, ки мусобиқаро тамошо карданд, ин навъи бозиро мушкилтарин варзиш медонанд.
Бузкашӣ яке аз анъанаҳои миллии тоҷикӣ гуфта мешавад, ки маъмулан дар фасли баҳор ва дар арафаи иди Наврӯз баргузор мешавад. Дар сабқати бузкашӣ дар маркази шаҳри Ҳисор ҳудуди сад човандоз бо аспҳои худ бо ҳам рақобат карданд.
Бузкашӣ бозии қадима буда, дар байни мардуми Осиёи Марказӣ маъмул аст. Ин бозӣ дар чанд шакл -- дастаӣ ва инфиродӣ доир мешавад. Дар шакли дастаҷамъӣ, гурӯҳе аз човандозҳо барои ҷасади буз талош мекунанд ва мекӯшанд, ки онро ба дарвозаи якдигар андозанд.
Шакли инфиродии он чунин аст, ки ҳар човандоз дар алоҳидагӣ вориди майдон мешаванд ва талош мекунад бузро бо як даст бардошта, ба нишон бурда расонад. Човандозҳо ин бозиро як варзиш ва ҳам шуғли тафреҳӣ медонанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳоҷӣ Олим, ки бо 12 асп ва човандозҳои худ ба ин мусобиқа омада буд, худро човандози "пуштӣ" ё "авлодӣ" медонад. Яъне, ин шуғл аз бобоҳояш ба вай мерос мондааст. Мегӯяд, ин бозӣ аз як ҷиҳат хатарнок низ ҳаст, зеро эҳтимоли афтодану зери пойи аспон монданро дорад. Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Олим, борҳо дар мисли чунин мусобиқаҳо аз асп афтода ва зери пойи човандозон мондааст ва ҳам рӯй ва ҳам ҷоғу пояш шикастааст.
Дар мусобиқаи асптозӣ ё бузкашӣ мисли дигар намудҳои варзиш барои ғолибон ҷоиза дода мешавад. Меҳмонони амрикоӣ, ки мусобиқаро тамошо карданд, ин навъи бозиро аз мушкилтарин варзиш медонанд.
Ҷесика Камилла, яке аз онҳо мегӯяд, "ин бозии хеле душвор аст ва аз бозигар маҳорати зиёдро талаб мекунад. Мо бозии човандозҳои тоҷикро тамошо кардем, воқеан ин як варзише аст, ки бояд варзишкор дар он хеле обу тоб ёфта бошад."
Федератсияи байналмилалии бузкашӣ 9-уми ноябри соли 2001 дар Қирғизистон таъсис ёфтааст. Дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бузкашӣ, ки моҳи августи соли 2017 дар шаҳри Остона доир шуд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷои севумро гирифт.
Бузкашӣ ҳарчанд як навъи варзиш шинохта шудааст, дар миёни мардум баргузор кардани он хатар ҳам дорад. Ба мисли ин маросим, ки ба нохост човандозҳо ба рӯи тамошобинон ҳамла карданд.