Ба гузориши Радиои Озодӣ, Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон пеш аз кушоиши ин дафтар мувофиқати худро бо он эълон карда буд. Ӯ дар айни ҳол гуфтааст, ки аз қабл хоҳони баргузории гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон буда, аммо бо тақозои бархе кишварҳо бо бозгушоии ин дафтар дар Доҳа мувофиқат кардааст. Оқои Карзай мушаххас накардааст кадом кишварҳо аз ӯ чунин дархосте доштаанд, аммо мақомҳои Кохи Сафеди Амрико гуфтаанд, ки раиси ҷумҳури Амрико худ кушоиши дафтари Толибон дар Қатарро пайгирӣ мекард.
Дафтари Толибон дар Қатар.
Раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, «ҳимоят аз терроризм ва истифодаи абзорӣ аз он хилофи усули ҳамсоягӣ аст.» Ӯ бар нақши Покистон ва низ ваъдаи ҳамкории онҳо бо Афғонистон низ таъкид кардааст.
Ҳамла ба Афғонистон, даргириҳо, ҳамлаҳои террористӣ ва набарҳои дохилӣ миёни артиш, нерӯҳои эътилоф бо раҳбарии Амрико ва Толибон, аз соли 2001 то кунун қурбониҳои зиёде дар пай доштааст. Дар ҳоле, ки шумораи дақиқи ғайринизомиёни кушташуда дар ин буҳрони 12-сола мушаххас нест, вале аз нерӯҳои эътилоф тайи ин солҳо беш аз се ҳазору сесад нафар кушта шудаанд, ки бахши бузурги онҳо сарбозони амрикоӣ мебошанд.
Ҳамзамон бо интишори хабарҳо дар мавриди оғози раванди гуфтугӯҳои сулҳ, нерӯҳои афғон низ сар аз рӯзи гузашта ба таври комил раҳбарии амалиёти низомӣ дар тамоми хоки Афғонистонро ба ӯҳда гирифтанд.