Эълони Майк Помпео, ҳомиёни ҳуқуқро нигарон кард

Майк Помпео ҳангоми сухаронӣ ва олими муҳофизакор Мерӣ Анн Глендон.

Ҳукумати раиси ҷумҳур Доналд  Доналд Трамп, рӯзи 8-уми июл гуфт, нақши ҳуқуқи инсон дар сиёсати хориҷии Амрикоро бознигарӣ мекунад ва кумиссиёнеро таъсис додааст, ки нигарониҳо дар бораи ҳуқуқи озодиҳои мазҳабӣ ва исқоти ҳамлро бештар мекунад.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон ҳукумати Амрикоро ба он муттаҳам мекарданд, сиёсати хориҷиро ба сиёсатҳои дохилӣ омехта карда ва тавре пеш мебарад, ки ҳуқуқи аққалиятҳо, ба мисли ҳамҷинсгароён ва хуносо ё дуҷинсаҳоро зери суол мебарад. Вакилони демократ аз таркиби кумиссиён ва ниятҳои он изҳори нигаронӣ кардаанд ва гуфтаанд, аз он метарсанд, кумиссиён аз онҳое иборат мешавад, “назарҳои хусуматомез ба ҳуқуқи зан” доранд ва меъёрҳои феълии риояти ҳуқуқи инсонро аз байн мебарад.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, ҳангоми эълони таъсиси Кумиссиёни Ҳуқуқи Дахлнопазир гуфт, “кишвар бояд ҳушёр бошад, то ҳуқуқи инсон сӯистифода ва барои ҳадафҳои шубҳаовар истифода нашавад.” Ба гуфтаи ӯ, бо онки иддаоҳои ҳуқуқи инсон густариш ёфтаанд, кишварҳо бо мафҳуми ҳуқуқи инсон ихтилоф доранд, ки ҳуқуқи инсон кадом аст ва кадом ҳуқуқ бояд риоят шавад ва чун ҳаққи инсон қабул гардад.

Ӯ гуфт: “Ман умедворам, кумиссиён суолҳои асосиро бозбинӣ мекунад: Чӣ гуфтае, ё иддаое дар воқеъ, ҳуқуқи инсон аст?” Ба қавли ӯ, “мо чӣ гуна медонем ва чӣ гуна мушаххас мекунем, ки ин ё он ҳуқуқи инсон аст. Оё ҳақиқат аст ва аз ин рӯ бояд онро риоят кунанд?” Ӯ гуфт, интизор дорад, баъд аз Эъломияи Байналмилалии Ҳуқуқи Инсон, ки Созмони Милал соли 1948 қабул кард ва ҳуқуқу озодиҳои ҳамаҷониба пазируфташудаи инсонро мушаххас кардааст, яке аз бозбиниҳои фарогири ҳуқуқи инсон хоҳад буд.

Кумиссиёнро Мерӣ Анн Глендон, профессори ҳуқуқшинос аз Донишгоҳи Ҳарвард ва сафири собиқи Амрико дар Ватикан раҳбарӣ мекунад. Ӯ ки як олими муҳофизакор аст, аз қабули як ҷоизаи Донишгоҳи Нотр Дам даст кашид, чун донишгоҳ, Барак Обама раиси ҷумҳури собиқи Амрикоро барои суханронӣ даъват кард. Мерӣ Анн Глендон аз тарафдорони манъи ҳаққи исқоти ҳамл дар Амрико аст ва ба ин васила эътирозашро ба қарори донишгоҳ нишон дод. Барак Обама тарафдори он аст, ки ҳаққи занон аз исқоти ҳамл аз онҳо гирифта нашавад.

Эълони ҳукумати Амрико дар рӯзи 8-уми июл ҳомиёни ҳуқуқро ба изтироб овард, ки мегӯянд, куммисён мумкин аст, пешрафтҳо барои ҳимоят аз ҳуқуқи гурӯҳҳои дар ҳошиямондаро ақиб занад. Дафтари созмони Авфи Байналмилал дар Амрико гуфт, бо назардошти муқаррароти ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, ки даҳсолаҳо боз мавҷуд аст, зарурате ба чунин бознигарӣ набуд. Иттиҳоди Ҳимоят аз Ҳуқуқи Маданӣ дар Амрико гуфт, “беҳтар аст, пули мардумро барои арзёбии нокомиҳои ҳукумат дар иҷрои вазифаҳояш барои ҳимояти ҳуқуқи бунёдӣ харҷ мекарданд, на барои тағйири ин ҳуқуқ.”

Адотӣ Аквей, муовини мудири Авфи Байналмилал гуфт, аз он нигарон аст, кумиссиён бо истифодаи мафҳуми “дахлнопазир” ҳуқуқи инсонро ба маънои танге истифода мебарад, ки асосгузорони Амрико онро мефаҳмиданд.” Ӯ ба хабаргузории “Ассосиэйтед Пресс гуфтааст: “Иҷоза диҳед, воқеъбинона бигӯем. Муассисони Амрико ҳуқуқи зиёде надоштанд, ки куммисиён дар борааш мегӯяд.”

Гурӯҳе аз вакилони Ҳизби демократ моҳи гузашта дар як номае гуфтанд, аз он маъюс шудаанд, ки кумиссиёнро бе назорати конгресс таъсис додаанд. Онҳо дар нома гуфтаанд, баъзе аз аъзои кумиссиён тарафдорони сиёсатҳои табъизомез ба зидди ҳамҷинсгароён ҳастанд ва “назарҳои хусуматомез ба ҳаққи зан дорад ва ё мавзеъгириҳое доранд, ки мухолиф ба аҳдҳои Амрико аст.”

Дар нома ҳамчунин омадааст: “Ба эътиқоди мо ҳукумат, ба пешсафӣ ва эътибори Амрико дар тавсиаи ҳуқуқи инсонро ба ҳадди бузурге осеб задааст. Пешниҳоди вазорат барои таъсиси Кумиссиёни Ҳуқуқи Дахлнопазир набояд минбаре барои идомаи таназзули пешсафии Амрико дар риояти ҳуқуқи инсон ва ё коҳиши манофеи он шавад.”

Мерӣ Глендон, ки ҳангоми муаррифии кумиссиён дар вазорати умури хориҷӣ Майк Помпеоро ҳамроҳӣ мекард гуфт, аз иҷрои ин вазифа ифтихор мекунад, чун кораш дар замонест, ки “ҳуқуқи бунёдии инсон аз тарафи бисёриҳо нодуруст фаҳмида мешавад, аз тарафи бисёриҳо дасткорӣ ва аз тарафи помолкунандагони бадтарини ҳуқуқи инсон нодида гирифта мешавад.”