Гурӯҳи кории СММ: Бузургмеҳр Ёров бояд озод шавад

Бузургмеҳр Ёров

Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздоштҳои худсарона бар асоси таҳқиқи парвандаи Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ин ҳуқуқшиноси мустақил бояд аз зиндон озод карда шавад.

Дар пайи таҳқиқи ҳамаҷонибаи парвандаи Ёров, гурӯҳи корӣ (марбут ба Дафтари комиссионери олии СММ оид ба ҳуқуқи башар – OHCHR) ба хулосае омадааст, ки боздошт ва ба 28 соли зиндон маҳкум шудани ҳуқуқшиноси тоҷик “нақзи қонунҳои байналмилалӣ мебошад”.

Таҳқиқи парвандаи Ёров бо дархости чаҳор созмон - Freedom Now, Lawyers for Lawyers, Hogan Lovells US LLP ва DLA Piper UK LLP рӯзи 24-уми майи имсол анҷом шуда, рӯзи 3-юми июн расонаӣ шуд.

Рӯзи 4-уми июн ҳеҷ як сохтори ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои шарҳи гузориши СММ омода нашуд.

Вале дар гузашта мақомоти Тоҷикистон аз ҳукми Бузургмеҳр Ёров ҳимоят кардаанд. Мақомот гуфтаанд, Ёров барои нақзи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шудааст ва парвандаи ӯ ҳеҷ ангезаи сиёсӣ надорад.

Аз ҷумла, дар як нишасти матбуотиаш сол 2018 вазири адлияи Тоҷикистон Рустами Шоҳмурод гуфт, “дар Тоҷикистон зиндониҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд” ва “маҳкумшудаҳо на барои фаъолитяҳои сиёсӣ, балки барои нақзи қонун ҳукм гирифтаанд”.

Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015, баъди омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҳизби наҳзати исломӣ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири президент айбдор шуд. Додгоҳ соли 2017 ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Гурӯҳи кории СММ дар як гузориши 17-саҳифагии худ ҳар қадами мақомот ва шароити нигаҳдории ҳуқуқшиносро аз 28 -уми сентябри соли 2015 таҳқиқ карда, ба чунин натиҷа омадааст, ки «муносибтарин роҳ озодии билофосилаи Ёров аз зиндон” ва “пардохти ҷуброн бар асоси қонунҳои байналмилалӣ” мебошад.

СММ гуфтааст, парвандаи “боздошти худсарона”-и Ёров бояд мувофиқ бо муқаррароти байналмилалӣ таҳқиқ ва афроди масъул дар нақзи ҳуқуқи ӯ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар ниҳоят ҳукумати Тоҷикистон бояд гурӯҳи кории СММ-ро дар бораи иҷро шудани ин тақозоҳо дар давоми шаш моҳи оянда хабардор кунад.

Бар асоси муқаррароти СММ, хулосаҳои Гурӯҳи корӣ хусусияти машваратӣ дошта, ҳукуматҳо бояд дар бораи бархӯрди худ бо ин машваратҳо ин гурӯҳро огоҳ кунад ва ин посух баъдан дар ихтиёри Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гузошта мешавад.

Дар гузашта тақозоҳои ба ин монанд дар сатҳи СММ ва созмонҳои бонуфузи ҳомии ҳуқуқи башар нисбат ба собиқ вазири саноат Зайд Саидов ва муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайит ҳам садо додааст.

Дар як вокунишаш ба даъвати Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз соли 2018 дар бораи дар фосилаи 180 рӯз озод шудани Зайд Саидов, раиси додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён моҳи феврали имсол гуфт, “тақозои Созмони Милал тавсиявӣ аст ва Тоҷикистон ҳақ дорад, ин тавсияро иҷро накунад”.

Шоҳиён дар шарҳи ин мавқеаш гуфта буд, “додгоҳ гунаҳкор будани Саидовро исбот кардааст”. Вале наздикони Саидов ва зиндониҳои дигар, аз ҷумла Бузургмеҳр Ёров парвандаи ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд ва мегӯянд, омодагии ӯ барои ҳимоят аз ҳуқуқи ҳизби аз ҷониби мақомот мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ боиси муҷозоти сангини ӯ шуд.

“Бузургмеҳр хуб аст, аз чизе шикоят надорад”

Бузургмеҳр Ёрови 48-сола, муассиси созмони адвокатҳои «Сипар» (соли 2007), ки ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ ҳамеша ба парвандаҳои ҳассос даст мезад, наздики чаҳор сол боз дар зиндон ба сар мебарад.

Ҳуриннисо Исҳоқова, модари Ёров рӯзи 4-уми июн гуфт, дар фосилаи ҳар се моҳ ӯ ва ҳамсари Бузургмеҳр – Заррина Набиева ва фарзандонаш аз ҳоли ӯ дар зиндон хабар мегиранд. Ёров дар зиндони рақами 1-и воқеъ дар ҳудуди шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад ва мулоқоти охири модару писар 14-уми апрел сурат гирифтааст.

Исҳоқова гуфт, писараш дар ин дидор хуб буд ва аз чизе шикоят накард. “Хеле хуб буд. Аз чизе шикоят надошт. Гуфт, ки рӯзнома мехонад, намоз мехонад. Ду-се соат аз пушти шиша сӯҳбат кардем. Вақте оилааш меравад, то се рӯз бо ҳам дидор мекунанд. Ҳамеша ба занаш мегӯяд, ки бачаҳоро ҳам биёрад, ки бубинад”.

Ба гуфтаи модар, ҳамеша дар дидорҳояш бо Бузургмеҳр “насиҳат мекунад”, ки “дигар хато накунад, то ҳолаш бадтар нашавад”.

Ҳуриннисо Исҳоқова афзуд, моҳе як дафъа ҳадди имкон хоҳарон ва худи ӯ аз нӯги нафақа ба зиндон ғизо мебаранд. Модар, ки бовар дорад ҳукми писараш як тӯҳмат аст, гуфт, баъди бе ҳимоятгар мондани Бузургмеҳр, тамоми умед ба дониш ва таҷрибаи худаш аст, вале «аз дохили зиндон ба ҷое шикоят ё нома наменависад».

Дар ҷараёни ду соли боздошт ва таҳқиқи парвандаи Ёров, чанд вакили мудофеъ ба ҳимояти ҳуқуқи ӯ оғоз карда, аз ин кор даст кашиданд.

Охирин вакили ӯ Муаззама Қодирова, ки давоми 9 моҳ аз ҳуқуқи Ёров ҳимоят кардааст, гуфт, “парвандаи Бузургмеҳр Ёров фармоишӣ ва сиёсӣ буд”. Ӯ соли 2017 дар мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ гуфт, барои ҳимоят аз Ёров зери фишори мақомот буд ва маҷбур шуд аз кишвар берун шуда, дар Аврупо паноҳанда шавад. Ҳамроҳ бо вакили дифоъ, бархе наздикони Ёров ва ҳамкасбони ӯ, аз ҷумла Нуриддин Маҳкамов ҳам пушти панҷара рафтаанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки қазияи Ёров яке аз намунаҳои барҷастаи фишор болои ҳуқуқшиносони мустақил дар Тоҷикистон аст, ки барои талоши иҷрои фаъолияти худ ва ҳимоят аз ҳуқуқи афроди нохушоянд аз назари сиёсӣ осеб дидаанд.

Дар давоми солҳои охир ҳуқуқшиносони дигаре ба мисли Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров, Ҷамшед Ёров (бародари Бузургмеҳр Ёров), Дилбар Додоҷонова ва ду писари ҳуқуқшиноси марҳум Исҳоқ Табаров – Фирӯз ва Далер Табаровҳо барои иҷрои фаъолиятҳои худ ба зиндон маҳкум ва баъзеи онҳо дертар озод шудаанд.