Украина ҳамлаҳоро ба зербунёдҳои энергетикии Русия афзоиш додааст

Ҳамлаҳои давомдори Украина ба зербунёдҳои энергетикии Русия сабабгори буҳрони бузургтарини сӯзишворӣ дар ин кишвар дар даҳсолаҳои охир шудааст. Рӯзномаи “Financial Times” дар ин бора бо такя ба маълумоти гурӯҳи таҳлилии “Rochan Consulting” гузориш додааст.

Бино ба ҳисоби гурӯҳи лаҳистонӣ, паҳподҳои украинӣ моҳи майи имсол ба корхонаҳои коркарди нафти Русия 16 ҳамлаи муваффақ анҷом додаанд, ки аз оғози ҷанг нишондиҳандаи болотарин дар моҳ ба ҳисоб меравад.

Дар умум, аз аввали соли 2026 то кунун, корхонаҳои коркарди нафти Русия камаш 194 бор ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 баробар бештар аст.

Нашрия менависад, сахттар шудани ҳамлаҳо боис шудааст, ки дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия маҳдудиятҳо барои фурӯши сӯзишворӣ ҷорӣ шавад.

Навбат барои харидани маводи сӯхт ҳатто дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Маскав мушоҳида мешавад. Моҳи июн паҳподҳои украинӣ чанд дафъа ба ягона корхонаи коркарди нафти Маскав дар ноҳияи Капотня ҳамла карданд.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи “Financial Times”, сарфи назар аз ин ҳамлаҳо Кремл барои дигар кардани мавқеаш дар ҷанг омодагӣ нишон намедиҳад. Ба гуфтаи манобеи нашрия, Маскав ҳамоно умедвор аст, ки ба ҳадафҳои худ бирасад ва барои гузаштҳои ҷиддӣ дар музокирот омода нест.