Пас аз нишасти Брюссел, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ҳимояти қавии раҳбарони Аврупоро гирифт, Киев таваҷҷуҳи худро ба гуфтушуниди намояндагони Украина ва Амрико равона кардааст. Қарор аст, музокирот дар Арабистони Саудӣ гузарад.
Президент Зеленский рӯзи 6-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ӯ низ ба Арабистони Саудӣ меравад, вале шахсан дар музокирот ширкат намекунад.
Тими ӯ “барои ҳамкорӣ бо шарикони амрикоӣ дар Саудӣ хоҳад монд”. Ин кишвар пештар мизбони даври аввали музокироти Амрико ва Русия буд.
Фиристодаи вижаи Амрико Стив Виткофф тасдиқ кард, ки чунин мулоқот дар назар аст ва ҳадафи онро “таҳияи чаҳорчӯби созиши сулҳ” номид.
Вай гуфт, эҳтимол мулоқот дар Риёз ё Ҷидда баргузор шавад, “аммо фикр мекунам, баҳси бузургтар барои мо ... ба даст овардани созиши сулҳ аст.”
Владимир Зеленский гуфт, музокирот бо Иёлоти Муттаҳида баёнгари он аст, ки Украина барои расидан ба сулҳи “зуд ва пойдор” талош дорад ва изҳори умед кард, ки ин мулоқоти боарзише хоҳад буд.