Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфт, дар музокирот бо Владимир Зеленский, ҳамтои украинии худ, дар масъалаи поён додан ба ҷанги Русия пешрафт карда, ба созиши сулҳ бисёр наздик шудаанд.
Раҳбарони ду кишвар рӯзи 28-уми декабр дар осоишгоҳи Мара Лагои Доналд Трамп дар аёлати Флорида гуфтугӯ доштанд. Дар нишаст мавзуъҳои асосӣ, аз ҷумла кафолатҳои амниятӣ барои Украина ва қаламравҳои ишғолӣ баррасӣ шуданд.
Як хабарнигор аз Доналд Трамп пурсид, "ҷаноби президент, оё дар масъалаи ба истилоҳ минтақаи озоди иқтисодӣ дар Донбасс мувофиқат кардед, ки чӣ гуна тақсим ва масъули он кӣ мешавад?" Трамп гуфт: "Истифодаи калимаи "созиш"-ро муносиб намешуморам, чун мо ба тавофуқ нарасидем, аммо ба он бисёр наздик шудем. Ин масъалаи бисёр бузург ва муҳим аст."
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт, ҷонибҳо дар мавриди кафолатҳои амниятӣ барои Украина ба созиш расидаанд. Ба қавли Доналд Трамп, дар татбиқи ин масъала кишварҳои аврупоӣ "95 дарсад" саҳм мегиранд.
Айни замон Эммануэл Макрон, президенти Фаронса гуфт, аввали моҳи январ дар Порис (Париж) нишасте сурат мегирад, то саҳми кишварҳои аврупоӣ дар ин замина ниҳоӣ карда шавад.
Пеш аз мулоқот бо Зеленский, Доналд Трамп бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия низ суҳбати телефонии дусоата доштааст. Трамп ин гуфтугӯро "босамар" номид ва афзуд, ки қасд дорад, дигарбора ба ӯ занг занад.
Доналд Трамп гуфт: "Президент Путин дар масъалаи муваффақияти Украина некхоҳиашро нишон дод, аз ҷумла таъмини он бо газу барқ ва дигар чизҳо бо нархи арзон. Аз гуфтугӯи имрӯза чизҳои хубе ба даст омад."
Маскав ҳимояташро аз музокироти Доналд Трамп баён дошт.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Трамп гуфт, хатми ҷанг дар Украина наздик аст
Яке аз мавзуъҳои дигари баҳс назорати муштарак бар нерӯгоҳи атомии Запорожйе будааст. Трамп изҳори умедворӣ кард, ки дар сурати эълони оташбас дар ин вилоят кори нерӯгоҳ зудтар аз сар гирифта мешавад.
Бо вуҷуди он ки охири ҳафта Киев мавриди ҳамлаҳои мушакӣ қарор гирифт, Трамп исрор дошт, ки ҳарду ҷониб барои расидан ба сулҳ ҷиддӣ ҳастанд. Владимир Зеленский таъкид кард, ки ҳар гуна созиши сулҳ бояд ҳатман дар порлумони Украина ё дар раъйпурсии умумӣ тасдиқ шавад. Трамп гуфт, омода аст, дар ин бора бо вакилони украинӣ ҳам суҳбат кунад.