Трамп бовар дорад, ки баъди интихобот бо Эрон ба созиш мерасанд

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико. Маҷмаи Умумии Созмони Милал. Ню-Йорк, 22-юми сентябри 2026

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, изҳори умед кард, ки пас аз интихоботи миёндаврии моҳи ноябр дар ин кишвар, ҳукумати ӯ бо Эрон ба созиши сулҳ хоҳад расид.

Ӯ рӯзи 22-юми сентябр дар Маҷмаи умумии Созмони Милал ҳушдор дод, ки агар барои поён додан ба низоъ тавофуқе ба даст наояд, метавонад Ҷумҳурии Исломиро “комилан нобуд кунад”.

"Ман бояд тасмими бузурге бигирам. Ё бо Эрон ба созиш хоҳем расид, ки ба онҳо имкон медиҳад дубора ватанашонро бисозанд ва онро ба кишвари бисёр боазамат аз гузашта табдил диҳанд. Ё Ҷумҳурии Исломиро зуд нобуд кунам, бидуни инки ҳаргиз ба онҳо барои куштан ва нобуд кардани дигарбораи мардум ва кишварҳо фурсат бидиҳам," – афзуд ӯ.

Доналд Трамп инчунин дар суханронии худ гуфт, "ё ман онҳоро бе ҳеч имкони зинда мондан ва бе ҳеч умед ба бузургии оянда ё наслҳои баъдӣ ба ҷаҳаннам мефиристам. Аммо ман бовар дорам, ки мо пас аз интихобот ба созиш хоҳем расид."

Раисҷумҳури Амрико тайи моҳҳои охир чандин бор Эронро бо ҳамлаҳои бузург таҳдид карда, аммо сипас аз иҷрои онҳо даст кашида, гуфтааст, созиш миёни Вашингтону Теҳрон наздик аст. Мақомоти Эрон борҳо гуфтаанд, ки бо Иёлоти Муттаҳида музокира надоранд.

Амрико ва Исроил, ки аз барномаи ҳастаӣ ва мушакии Ҷумҳурии Исломӣ нигаронанд, моҳи марти имсол ба Эрон ҳамла карданд. То ҳол дастёбӣ ба як созишномаи сулҳ байни онҳо имконпазир нашудааст ва ду тараф ҳамвора ба ҳадафҳои якдигар зарба мезананд. Президенти Амрико гуфт, ҳеч гоҳ ба Эрон иҷозат нахоҳад дод, ки силоҳи ҳастаӣ дошта бошад.

Ҷонибҳо моҳи июни имсол ёддошти тафоҳумеро имзо карданд, ки ҳадафаш фароҳам овардани 60 рӯз фурсат барои гуфтушунид дар мавриди сулҳ буд. Вале ин тавофуқ, ки бо миёнравии Покистон ба даст омада буд, зуд аз ҳам пошид. Ин бор даргириҳо асосан дар тангӣ ё гулӯгоҳи Ҳурмуз идома карданд. Роҳи муҳими интиқоли сӯзишворӣ ба гӯшаҳои ҷаҳон, ки ҳоло Эрон мегӯяд, зери назораташ ҳаст, аммо Амрико мегӯяд, убуру мурури киштиҳо бе иҷозаи он имконпазир нест.

Пойгоҳи Axios рӯзи 22-юми сентябр хабар дод, ки чанд кишвари арабӣ, ки байни Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Исломӣ миёнравӣ мекунанд, бо ҳарду ҷониб барои баргузории як мулоқоти "сатҳи баланд" дар ҳошияи Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк суҳбат доранд.

Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон, барои иштирок дар Маҷмаи умумии Созмони Милал роҳии Ню-Йорк шудааст. Сафари ӯ ба Амрико бо танқиди шадиди тундравҳо дар дохили Эрон рӯ ба рӯ гашт. Онҳо сафари Пизишкиёнро ба Иёлоти Муттаҳида, дар ҳоле ки кишвараш дар ҳолати ҷанг қарор дорад, "таҳқиромез" номида, гуфтаанд, ин тасмим ба поин рафтани арзиши нафт сабаб хоҳад шуд.

Ба бовари онҳо, афзоиши нархи нафт фишори иқтисодиро ба Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои дигари воридкунандаи нафт бештар кардааст ва ин метавонад барои Теҳрон як василаи эҳтимолии фишор бошад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Reuters рӯзи 22-юми сентябр аз қавли як мансабдори баландпояи эронӣ навишт, ки агар Иёлоти Муттаҳида барои коҳиш додани фишори низомӣ "қадамҳои мушаххас" бардорад, Теҳрон "аз барқарории дипломатия" истиқбол мекунад.