Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, он чизе, ки аз сӯйи Эрон дар бораи тавофуқи эҳтимолӣ байни Ҷумҳурии Исломӣ ва Иёлоти Муттаҳида ба расонаҳо роҳ ёфтааст, дуруст нест.
Баъзе аз расонаҳои эронӣ ва амрикоӣ тайи соатҳои гузашта бахшҳое аз муҳтавои тавофуқи эҳтимолӣ байни Эрону Амрикоро нашр карданд.
ИРНА, хабаргузории расмии Ҷумҳурии Исломӣ, иддао кард, ки тафоҳум миёни ҷонибҳо шомили парвандаи ҳастаии Эрон намешавад ва қарор аст дар марҳилаҳои баъдӣ дар бораи он музокира шавад.
Ҳамчунин, рӯзномаи “Эътимод” ба нақл аз манобеи эронӣ навишт, ки барои оғози оташбаси 60-рӯзаи зикршуда дар тафоҳумнома бояд 12 миллиард доллар аз дороиҳои бандмондаи Эрон озод карда шавад.
Доналд Трамп рӯзи 12-уми июн дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт: “Чизе, ки онҳо (Эрон) гуфтаанд, аз ҷумла баёнияи суст ва риққатангез дар бораи дастёбӣ ба тавофуқ, ҳеч нисбате бо воқеият надорад.”
Вай мақомоти Эронро “бешараф” хонд ва афзуд: “Барои онҳо чизе бо номи музокира ва таомул бо ҳусни ният вуҷуд надорад.”
Трамп ба Теҳрон ҳушдор дод, ки рафтори худро ба тартиб дарорад ва он ҳам ҳарчи зудтар.