Доналд Трамп мегӯяд, Эрон иҷрои ҳукми қатли эътирозгаронро боздоштааст

Доналд Трамп аз Эрон хоста буд, ки тазоҳургаронро қатл накунад, вагарна барояш оқибатҳои баде пеш меояд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, бо такя ба «манобеи бисёр муҳим дар ҷониби муқобил» гуфт, Эрон иҷрои ҳукми қатли эътирозгаронро боздоштааст. Бо вуҷуди ин, танишҳо дар Ховари Миёна ҳамчунон фӯру нанишаста ва эҳтимоли иқдоми низомии Иёлоти Муттаҳида алайҳи Теҳрон аз байн нарафтааст.

Доналд Трамп рӯзи 14-уми январ дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт: «Онҳо гуфтанд, ки куштор қатъ шудааст ва қатлҳо сурат намегиранд. Қарор буд имрӯз чандин нафар эъдом шаванд, вале ин кор нашуд ва мо инро пайгирӣ хоҳем кард». Ӯ афзуд: «Ин хабар аз манобеи боварибахш ба мо расид ва умедворам, ки воқеият дошта бошад».

Мақомоти Эрон баъди ба хиёбонҳо рехтани мардум дар эътирозҳои зиддидавлатӣ, ки яке аз бузургтарин чолишҳо барои ҳукумати рӯҳониён пас аз инқилоби исломии соли 1979 хонда мешавад, саркӯби бераҳмонаи тазоҳургаронро шурӯъ карданд.

Созмони Мустақили Дидбони Ҳуқуқи Башар, HRANA, қароргоҳаш дар Амрико, гуфт, бар асоси иттилои собиткардаи созмон то 14-уми январ, шумори кушташудагони эътирозҳо ба 2435 нафар расидааст. Беш аз 18 ҳазор тани дигар боздошт шудаанд. Айни замон ҳамин ин созмон ва манобеи дигар мегӯянд, ки омори воқеии кушташудагон эҳтимолан чанд баробар бештар аст.

Доналд Трамп бо ишора ба гузоришҳо дар бораи саркӯби хунин, борҳо ҳушдор додааст, ки Иёлоти Муттаҳида метавонад , барои қатъи кушторҳо мудохила кунад. Ӯ ҳамзамон аз эрониҳо хостааст, ки ба тазоҳурот идома диҳанд.

Ба даст овардан ва тасдиқи иттилоот аз дохили Эрон душвор шудааст, зеро мақомот чанде баъд аз оғози намоишҳо дар охири моҳи декабр, ки ба сабаби бад шудани вазъи иқтисодӣ ва суқути қурби пули миллӣ сар зад, дастрасӣ ба Интернетро қариб комилан қатъ карданд.

Созмони NetBlocks субҳи 15-уми январ гуфт: «Қатъи интернети Эрон аз марзи 156 соат гузашт ва дар ҳоле ки хомӯшӣ пас аз саркӯби бераҳмона амиқтар мешавад, халои иттилоотӣ боиси пурқувват шудани саҳифаҳои ҷонибдори режим, видеоҳои сохтаи ҳуши сунъӣ ва дигар барномаҳои таблиғотӣ мегардад».

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар хабар дода буданд, ки Ирфон Султонӣ, эътирозгари 26-сола, бояд рӯзи 14-уми январ қатл мешуд. У шаш рӯз пеш бо иттиҳоми «муҳориба» (ҷанг бо Худо) боздошт шуд. Трамп шоми 13-уми январ дар мусоҳиба бо шабакаи CBS News ҳушдор дод, ки агар ин эъдом сурат гирад, Эрон «шоҳиди чизҳое хоҳад буд».

Созмони ҳуқуқи башари Hengaw, мустақар дар Норвегия, бо такя ба хешовандони Султонӣ хабар дод, ки ҳукми қатл иҷро нашуда ва ба таъхир афтодааст, ҳарчанд нигарониҳои ҷиддӣ ҳамчунон боқӣ мемонанд.

Эҳтимоли ҳамлаи низомӣ

Доналд Трамп ҳанӯз ҷузъиёти иқдомоти эҳтимолии Амрикоро ошкор накардааст, аммо ба бархе аз кормандони чанд пойгоҳи ҳавоии Амрико дар минтақа дастур додаанд, ки онҷоро тарк кунанд. Таҳаввулоти пас аз он сурат гирифт, ки Эрон ба кишварҳои ҳамсоя ҳушдор дод, ки дар сурати ҳамлаи Вашингтон, ба пойгоҳҳои амрикоӣ зарба хоҳад зад.

Вебсайти Flightradar24 хабар дод, ки Эрон рӯзи 14-уми январ ҳарими ҳавоии худро барои муддати кӯтоҳ ба рӯи ҳама парвозҳо, ба ҷуз парвозҳои байналмилалӣ баст.

Рӯҳониёни ҳоким дар Эрон қаблан низ ба эътирозҳо рӯ ба рӯ шудаанд, аммо нооромиҳои охир дар ҳоле сурат мегиранд, ки Теҳрон ҳанӯз аз ҷанги соли гузашта бо Исроил ва ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ба иншооти атомиаш ба худ наомадааст. Гуфта мешавад, Трамп гузинаҳои мухталиф, аз ҷумла, ҳамлаҳои маҳдуди низомӣ, зарбаҳои ҳадафманд алайҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ва муҳосираи комили иқтисодӣ ё ҳамлаҳои кибернетикӣ барои аз кор андохтани системаҳои амниятии Эронро баррасӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, як хабарнигор аз дохили Эрон ба Радиои Фардо бахши форсии Радиои Озодӣ гузориш дод, ки неруҳои амниятӣ ба марказҳои тиббӣ ҳамла карда, эътирозгарони захмиро мерабоянд ва онҳоеро, ки имкони бурданашон нест, ба қатл мерасонанд. Ҳарчанд ин иддаоҳоро мустақилона тафтишу тасдиқ кардан имконнопазир аст, вале онҳо бо гузоришҳои дигар дар мавриди «куштори дастҷамъона»-и эътирозгарон мутобиқат мекунанд.