Доналд Трамп, президенти Амрико, гуфт, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари 86-солаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асари ҳамлаҳои Иёлоти Муттаҳида ва Исроил кушта шудааст.
Ӯ рӯзи 28-уми феврал дар паёме дар шабакаи "Truth Social" ин воқеаро "тантанаи адолат на танҳо барои мардуми Эрон, балки амрикоиҳои бузург ва намояндагони кишварҳои гуногун" донист, ки "аз сӯи Хоманаӣ ва гурӯҳи авбошони хунхораш кушта шудаанд ва ё осеб дидаанд."
"Хоманаӣ, яке аз шахсони бадтарин дар таърих, мурдааст. Вай натавонист аз низомҳои пешрафтаи радёбии мо бигурезад," – навишт Доналд Трамп.
То ин дам Теҳрон иттилоъро дар бораи марги раҳбари Эрон тасдиқ ё инкор накардааст. Қаблан вазири корҳои хориҷии Эрон иддао карда буд, ки то ҷое ӯ огоҳ аст, "як ё ду фармондеҳ кушта шуда, Хоманаӣ ва раисҷумҳур Масъуд Пизишкиён зинда ҳастанд".
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Артиши Исроил: Алии Шамхонӣ ва фармондеҳи кулли Сипоҳ кушта шудандЧанд соат пеш аз эълони Доналд Трамп, Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил гуфта буд, ки "нишонаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки Алии Хоманаӣ дигар зинда нест."
Нетаняҳу афзуд, "нишонаҳои зиёде ҳастанд, ки ин золим дигар нест. Имрӯз мо мансабдорони баландпояи режими оятуллоҳ, фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоб ва шахсиятҳои баландпояи барномаи ҳастаиро аз байн бурдем ва идома хоҳем дод. Дар чанд рӯзи оянда ба ҳазорҳо ҳадафи дигари режими террористӣ зарба мезанем."
Тасвири моҳвораӣ аз ҷойи иқомати расмии Алии Хоманаӣ пас аз ҳамлаи Исроилу Амрико дар рӯзи 28-уми феврал
Алии Хоманаӣ соли 1989, пас аз марги бундёгузори Ҷумҳурии Исломӣ Оятуллоҳ Хумайнӣ ба мақоми раҳбари олии Эрон расид ва аз он замон ин кишвар ва мардумашро дар панҷаҳои оҳанини худ нигоҳ медошт.
Хоманаӣ аз замони ҷанги 12-рӯза бо Исроил дар моҳи июни соли 2025 кампайдо буд, ҳарчанд дар тӯли солҳои раҳбарияш зери чораҳои сахти амниятӣ зиста, бисёр кам дар назди мардум ҳозир мешуд.
Вай дар давраи раҳбарияш чанд буҳронро паси сар кардааст, аз ҷумла эътирози донишҷӯён дар соли 1999, тазоҳуроти густарда бар сари натиҷаҳои интихоботи баҳсбарангез дар соли 2009 ва эътирозҳои оммавӣ дар соли 2019, ки сипас бо саркӯби шадиди норозиён анҷомид.
Солҳои 2022-2023 Эрон шоҳиди эътирози "Зан, Зиндагӣ, Озодӣ" буд, ки пас аз марги Маҳсо Аминӣ шакл гирифт. Ин духтари 22-сола, ки аз сӯйи пулиси ахлоқ ва бо иттиҳоми риоя накардани ҳиҷоб дастгир шуда буд, дар шароити мармуз ҷон дод ва хашми ҷомеаро ба бор овард.
Навор дар Инстаграм: Ҳолу ҳавои мардум дар хиёбонҳо пас аз гузориш дар бораи марги Хоманаӣ