Трамп гуфт, Путин "ба қаламрави НАТО ҳамла нахоҳад кард"

Доналд Трамп. Акс аз 2-юми августи соли 2026

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, ҳамтои руси ӯ, Владимир Путин, ба кишварҳои узви Паймони низомии НАТО ҳамла нахоҳад кард.

"Мо бо ӯ музокироти хуб доштем. Қасди ҳамла ба хоки НАТО-ро надорад," – афзуд Трамп рӯзи 27-уми август дар Кохи Сафед ба хабарнигорон.

Президенти Иёлоти Муттаҳида пештар дар мусоҳиба бо нашрияи "Axios" низ гуфта буд, ки "ҳеч ҳамла нахоҳад шуд" ва раиси CIA ё созмони истихборотии Амрико барои расондани ягон паёми мушаххас ба Маскав нарафтааст.

Ҷон Рэтклифф, раиси созмони истихборотии Амрико, рӯзи 25-уми август ба Русия рафт.

Баъзе аз расонаҳои ғарбӣ, аз ҷумла Politico, The Wall Street Journal ва ABC News бо такя ба манбаъҳои худ навиштанд, ки ҳадафи сафари ӯ боздоштани Русия аз шиддат бахшидани низоъ бо ҳампаймонҳои Амрико дар НАТО будааст.

Ба гуфтаи манобеи Politico, Рэтклифф инчунин ба Маскав фишор овардааст, то пуштибонии низомӣ ва иқтисодиро аз Эрон кам кунад.

Доналд Трамп дар мусоҳиба бо "Axios" гуфт, "Рэтклифф ҳар шаш моҳ ё соле як бор бо ҳамтои руси худ мулоқот мекунад. Муносибати онҳо бисёр хуб аст. Ҳеч паёме набуд, ҳамон тавре ки ҳеч чизи ғайриодӣ вуҷуд надошт."

Аз суханони Трамп бармеояд, ки мавзӯи асосии музокироти намояндагони Амрико ва Русия ҷанг дар Украина будааст.