Трамп гуфт, нақша надорад ба Эрон нерӯи низомӣ фиристад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо Санаэ Такаити, сарвазири Ҷопон. Кохи Сафед, 19-уми марти 2026

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гуфт, қасд надорад, ки ба Эрон нерӯи низомӣ фиристад.

Доналд Трамп ин суханонро рӯзи 19-уми март ҳангоми дидор бо сарвазири Ҷопон ва дар гуфтугӯ бо хабарнигорон баён дошт.

Трамп дар посух ба суоле дар бораи эҳтимоли эъзоми нерӯҳои Амрико ба дохили Эрон гуфт: “Не, ман нерӯҳои низомиро ба ҷое намефиристам. Агар ҳам мехостам ин корро кунам, ба шумо намегуфтам.”

Чанд соат пеш аз ин изҳорот, хабаргузории “Рейтерс” навишта буд, ки маъмурияти Доналд Трамп дар ҳоли баррасии эъзоми ҳазорон нерӯи низомӣ ба Ховари Миёна ва густариши доманаи амалиёт ба зидди Эрон аст.

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон гуфт, ба сарвазири Исроил гуфтааст, ба таъсисоти энержии Эрон ҳамла накунад ва афзуд, Бенямин Нетаняҳу низ розӣ шудааст.