Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, ба назари ӯ Эрон ба музокирот моил аст ва биноан барои иқдоми низомӣ алайҳи ин кишвар шитоб надорад.
Вай рӯзи 17-уми апрел ин мавзуъро ҳангоми суҳбат бо сарвазири Итолиё баён кард.
Трамп бо ишора ба гузориши "Ню Йорк Таймз" дар мавриди мухолифаташ бо ҳамлаи Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эрон гуфт, "намегӯям, ки ҳамларо рад кардам, аммо барои анҷоми он шитоб надорам."
Раисҷумҳури Амрико бо ишора ба музокироти ахири миёни Эрону Иёлоти Муттаҳида дар Умон афзуд, беҳтар медонад, ки масъала бо гуфтушунид ҳал шавад.
“Танҳо хостаи мо ин аст, ки Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст наёбад,” – афзуд ӯ.
Президенти Амрико борҳо таҳдид кардааст, ки агар ин созиш ҳосил нашавад, Эрон зери таҳримҳои дугона монда, бомбаборон хоҳад шуд ва дар ин роҳ Исроил низ шарик мешавад.
Намояндагони Эрон ва Амрико даври аввали гуфтугӯро дар Умон “созанда ва мусбат” хонданд. Даври дувум қарор аст дар пойтахти Итолиё баргузор шавад.