Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, рӯзи якуми март дар мусоҳиба бо рӯзномаи бритониёии “Дейли Мейл” гуфт, амалиёти якҷоя бо Исроил алайҳи Эрон метавонад то чаҳор ҳафта тӯл кашад.
Вай дар ин мусоҳибаи телефонӣ аз Флорида эълом кард, ки “ҳамеша ин як раванди чаҳорҳафтаӣ будааст. Мо ҳисоб кардем, ки қариб чаҳор ҳафта тӯл хоҳад кашид.”
Трамп бо ишора ба ин ки Эрон кишвари бузург аст, афзуд, ҳамлаҳои низомӣ “чаҳор ҳафта тӯл мекашанд, ё ҳатто камтар.”
Ӯ дар ин мусоҳибааш ба кушта шудани 48 мақоми аршади эронӣ дар ҳамлаҳои рӯзи шанбеи Амрико ва Исроил ишора кард.
Раисҷумҳури Амрико ҳамзамон гуфт, барои гуфтугӯҳои бештар бо эрониҳо омодагӣ дорад, аммо наметавонад бигӯяд, ки оё ин гуфтугӯҳо “ба зудӣ” анҷом хоҳанд шуд ё на.
“Намедонам. Онҳо мехоҳанд, мехоҳанд, ки суҳбат кунанд, аммо ман гуфтам бояд ҳафтаи гузашта суҳбат мекардед, на ин ҳафта,” – илова кардааст ӯ.