Раисҷумҳури Амрико мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида бо Эрон тамоси маҳдуд дошта, ба ҷойи амалиёти низомии нав дар фикри афзоиши фишори иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Исломӣ аст.
Доналд Трамп рӯзи 9-уми август дар мусоҳиба бо нашрияи Axios гуфт, Эрон аз назари иқтисодӣ “дар вазъияти бисёр бад” ҳаст ва барои пардохт ба нерӯҳояш пуле надорад.
Трамп таъкид кардааст, ки нархи маводи сӯхт поинтар шуда, фишори ҷанг ба мардуми Амрико коҳиш ёфтааст. Вале Аxios хотирнишон мекунад, ки тибқи назархоҳии идораҳои гуногун мардуми Амрико дар бораи ин ҷанг назари фавқулода манфӣ доранд.
Ин изҳорот дар ҳоле аст, ки Иёлоти Муттаҳида ҳафтаи пеш, бинобар боз накардани оброҳаи Ҳурмуз, дар остонаи азсаргирии ҳамлаҳои густурдаи низомӣ алайҳи Эрон буд. Аxios мегӯяд, Доналд Трамп дар ин мусоҳибааш бо нашрия, ҳеч таҳдиди низомии наве матраҳ накард.
Аз оғози амалиёти Амрикову Исроил бар муқобили Эрон дар таърихи 28-уми феврали соли равон, Трамп борҳо иброз доштааст, ки созиши доимӣ бо Ҷумҳурии Исломӣ ногузир аст, аммо Теҳрон ин иддао ва ба таври муназзам ахбори пешрафт дар музокиротро рад мекунад.
Президенти Амрико рӯзи 9-уми август дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, ки Эрон ва кишварҳои Ховари Миёна дархост намудаанд, ки ҳамлаҳо ба таъхир андохта шаванд, зеро чорчӯби созиш муқаррар шудааст.
Ба қавли раҳбари Амрико, музокирот бо Эрон мисли бозии шоҳмот аст, аммо роҳи ҳалли он ҳам пайдо хоҳад шуд. Бар пояи он, ба нақли Трамп, равуои бидуни маҳдудият дар гузаргоҳи Ҳурмуз барқарор шуда, таҳдидҳои ҳастаӣ аз тарафи Эрон пурра қатъ хоҳанд шуд.
Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон рӯзи 9-уми август гуфт, равуои озод дар Ҳурмуз танҳо баъд аз қабули шартҳои Эрон аз сӯйи Амрико танзим хоҳад шуд. То оғози ҷанг тахминан 20 дарсади маводи сӯхти олам тавассути Ҳурмуз ба бозорҳои ҷаҳонӣ интиқол меёфт.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Трамп фишори иқтисодиро ба Эрон идома медиҳад