Трамп фармони бекор кардани ёриҳо ба Африқои Ҷанубиро имзо кард

Акси сохташуда: аз чап - Доналд Трамп, президенти ИМА ва Сирил Рамафоса, раҳбари Африқои Ҷанубӣ

Бар асоси як амри ахири президенти ИМА Доналд Трамп, барномаи садҳо миллион доллар кӯмак ба Африқои Ҷанубӣ бекор мешавад.

Фармони Трамп аз 7-уми феврал сабаби инро дар қабули қонун дар бораи азхудкунии замин дар соли гузашта, шикояти ин кишвар ба Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноятҳо бо иттиҳоми “наслкушӣ аз тарафи Исроил” ва иқдоми Африқои Ҷанубӣ барои беҳтар кардани муносибатҳо бо Эрон арзёбӣ кардааст.

Трамп гуфтааст, ки наметавонад ин кишварро дастгирӣ кунад, чун сиёсатҳои он барои манфиатҳои миллии ИМА ва мутаффиқонаш хатар эҷод мекунад. ИМА соли 2023 ба Африқои Ҷанубӣ дар ҳаҷми тахминан 440 миллион доллар кӯмак кардааст.

Ҳанӯз вокуниши мақомоти Африқои Ҷанубӣ нашр нашудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ихроҷи муҳоҷирон аз Амрико. Тоҷикон ҳам ҳастанд Трамп Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноятро таҳрим кард Вокунишҳо ба баёнияи Доналд Трамп дар бораи гирифтани Ғазза Намояндаи ИМА дар нишасти G20 иштирок намекунадТрамп ба хуруҷи Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дастур дод