Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида таҳдид кард, ки агар Теҳрон то шоми сешанбе гулӯгоҳи Ҳурмузро боз накунад, ин кишварро бо ҳамлаҳои сахт ба "дӯзах" табдил медиҳад.
Доналд Трамп дар ин бора рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо рӯзномаи "The Wall Street Journal" сухан гуфтааст. Ӯ таҳдид кардааст, ки агар Эрон гулӯгоҳро боз накунад, иншооти энергетикӣ ва пулҳои ин кишвар зери зарба қарор хоҳанд гирифт.
Трамп дертар дар шабакаҳои иҷтимоӣ бидуни тафсилоти зиёд навишт: "Сешанбе, соати 20:00 ба вақти соҳили шарқӣ!" Мақомоти Кохи Сафед то ҳол дар бораи ин паёми кӯтоҳи Трамп тавзеҳе надодаанд.
Пештар аз ин дар рӯзи якшанбе, Доналд Трамп хабар дод, ки нерӯҳои махсуси Амрико дар ҷараёни як амалиёти ниҳоят хатарнок дар умқи хоки Эрон як халабони амрикоиро наҷот доданд. Трамп гуфт, ин халабон захмӣ аст, аммо “ҳолаш хуб хоҳад шуд”.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Доналд Трамп ба Эрон ҳушдор дод ва аз созиш сухан гуфт
Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин бо лаҳни тунд ва истифода аз алфози дурушт хитоб ба мақомоти Эрон навишт: “Эй бадбахтҳои девона, гулӯгоҳро боз кунед, вагарна дар дӯзах зиндагӣ хоҳед кард.”
Бо вуҷуди ин таҳдидҳои шадид, Трамп дар мусоҳибаи дигаре бо шабакаи "Fox News" аз эҳтимоли созиш суҳбат кард. Ӯ гуфт, Теҳрон дар ҳоли гуфтугӯ аст ва мумкин аст то рӯзи душанбе созише ба даст ояд.
Дар ҳамин ҳол, фишорҳо бар Теҳрон афзоиш меёбад. Бино ба гузоришҳо як мақоми баландпояи Исроил гуфтааст, ин кишвар омода аст ҳафтаи оянда ба иншооти энергетикии Эрон ҳамла кунад ва мунтазири иҷозаи Вашингтон мебошад.
Рӯзи шанбе наворҳое нашр шуд, ки дуди ғализеро дар як корхонаи кимиёвии Эрон нишон медод. Гуфта мешавад, таркиш натиҷаи ҳамлаи Исроил аст, ҳарчанд хабаргузории “Рейтерз” замони дақиқи наворбардориро мустақилона тасдиқ накардааст.
Аз сӯи дигар, Эрон нишон дод, ки ҳанӯз тавони ҳамлаҳои фаромарзиро дорад. Дар шаҳри Ҳайфои Исроил пас аз бархӯрди мушаки Эрон ба як бинои истиқоматӣ, гурӯҳҳои наҷотбахш дар миёни харобаҳо ҷустуҷӯи осебдидагонро идома медиҳанд. Пизишкони исроилӣ гуфтанд, ки 9 нафар ҷароҳатҳо бардоштаанд ва муолиҷа мегиранд.
Теҳрон хостори қатъи ҷанг аст. Раиси парлумони Эрон рӯзи якшанбе таҳдидҳои Трампро маҳкум карда, гуфт, ки ӯро Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил бо иттилои бардурӯғ гумроҳ кардааст.