Трамп аз ниҳоӣ шудани созиш бо Эрон хабар дод

Доналд Трамп

Президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, созиш бо Эрон барои хатми ҷанг тақрибан ниҳоӣ шудааст ва танҳо "ҷузъиёти ниҳоӣ" баррасӣ мешавад. Ин изҳорот бори дигар умедҳоро ба эҳтимоли поёни низоъ бештар кардааст.

Трамп дар шабакаи иҷтимоии худ Truth Social навишт, "ҷузъиёти ниҳоии созишнома дар баррасӣ қарор дорад ва ба зудӣ эълон хоҳад шуд. Илова бар бисёре аз бахшҳои дигари ин созиш, тангаи Ҳурмуз низ боз хоҳад шуд".

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ин паёмро баъди суҳбат бо роҳбарони Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар, Покистон, Туркия, Миср, Урдун ва Баҳрайн нашр кард.

Доналд Трамп ҳамчунин навишт, ҷудогона бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу телефонӣ гап зад ва ин суҳбат "хеле хуб" гузаштааст.

Теҳрон ба изҳороти ахири Доналд Трамп вокунише накардааст. Мақомоти Ҷумҳурии исломӣ 23-юми май гуфтанд, дар музокироте, ки бо миёнаравии Покистон сурат мегирад, пешрафт ҳосил шудааст.