Доналд Трамп мегӯяд, агар то рӯзи чоршанбеи 22-юми апрел Амрико ва Эрон ба тавофуқ нарасанд, мумкин аст ҷанг дубора оғоз шавад.
Раиси ҷумҳури Амрико ба хабарнигорон гуфт, дар сурати ба даст наомадани созиш, "шоҳиди муҳосира хоҳед буд ва мутаассифона ночор ба аз сар гирифтани бомборон хоҳем шуд".
Трамп афзуд, муҳосираи бандарҳои Эрон ҳамчунон идома хоҳад дошт.
Оташбаси дуҳафтаина байни Исроил ва Амрико бо Эрон, ки бо талоши Покистон ҳосил шуд, чоршанбе ба поён мерасад.
"Бист дақиқа пеш хабарҳои хеле хуб доштем. Ба назар мерасад шароит бо Эрон хеле хуб пеш хоҳад рафт", - гуфт Доналд Трамп, аммо ишорае ба муҳтаво ё манбаи ин ахбор накард.
Доналд Трамп ҳамзамон таъкид кард, ки Эрон силоҳи ҳастаӣ нахоҳад дошт ва таҳти ҳеҷ шароите наметавонад аз киштиҳои убуркунанда аз тангаи Ҳурмуз, таърифа (боҷ) дарёфт кунад.
Президенти Амрико бори дигар таъкид кард, ки урани ғанишуда дар Эрон аз ин кишвар хориҷ карда мешавад. "Ё бо ҳамроҳии эрониҳо ё бо роҳи ғайридӯстона ин корро анҷом хоҳем дод", - афзуд Доналд Трамп.
Дар ҳамин ҳол мақомдорони эронӣ Теҳрон таҳдид карданд, ки агар Иёлоти Муттаҳида муҳосираи бандарҳои Эронро идома диҳад, тангаи Ҳурмуз бори дигар баста хоҳад шуд. Вазири корҳои хориҷии Эрон 17-уми апрел гуфт, дар замони оташбаси байни Лубнон ва Исроил гулӯгоҳи муҳими Ҳурмуз "пурра боз" хоҳад монд.
Эрон дар охири моҳи феврал ва дар посух ба ҳамлаи Исроилу Амрико равуои киштиҳоро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки иқтисоди ҷаҳонӣ аз ин гузаргоҳи борики обӣ вобастагии зиёд дорад, маҳдуд кард.