Додгоҳи Қонуни асосии Қазоқистон гуфт, раисҷумҳури ҳозираи он кишвар, Қосимҷомарт Тоқаев, метавонад дар интихоботи ояндаи президентӣ номзадияшро пешбарӣ кунад.
Ин посух ба муроҷиати раҳбари Қазоқистон буд. Суол ин буд: оё шахсоне, ки мувофиқи Конститутсия ё Қонуни асосии соли 1995 дар вазифаҳои давлатӣ кор кардаанд, ҳақ доранд, аз рӯйи Конситутсияи нав ба ҳамин вазифаҳо таъйин шаванд?
Додгоҳи конститусионии Қазоқистон ба чунин хулоса омадааст, ки маҳдудиятҳо дар Сарқонуни нав танҳо ба интихоб ё таъйинот аз рӯи қоидаҳои нав рабт дорад.
Ин ба он маъност, ки муҳлати президентии Тоқаев, ки бояд ноябри соли 2029 ба анҷом расад, ҳамчун мӯҳлати аввали президентии ӯ ба ҳисоб гирифта намешавад. Дар ин сурат, ӯ метавонад дар интихобот номзадияшро пешбарӣ карда, то соли 2036 дар сари қудрат бимонад. Он вақт Тоқаев 83-сола хоҳад буд.
Қаблан гуфта мешуд, ки мӯҳлати кунунии президентии Тоқаев аввалину охирин мебошад. Соли 2022, баъди ҳодисаҳои моҳи январи пурхушунат, ба Конститутсияи Қазоқистон тағйирот ворид карда, гуфтанд, ки президент метавонад як дафъа ба муддати 7 сол бе ҳаққи интихоби дубора интихоб шавад. Ноябри ҳамон сол Тоқаев дар интихоботи пеш аз мӯҳлат баранда гардид.
Конститутсияи нави Қазоқистонро моҳи марти соли 2026 қабул карданд ва он 1-уми июл ба иҷро даромад. Матни Конститутсияи нав ҳам бо пешниҳоду ташаббуси худи Тоқаев нав шудааст.
Мунтақидон мегӯянд, ислоҳоти конститутсионӣ қудрату нуфузи президенти Қазоқистонро қавитар мегардонад. Салоҳиятҳои Тоқаев васеъ шуд, аз ҷумла ӯ дар таъиноти кадрӣ дасти дарозтаре дорад: бархе мақомҳои муҳимро ӯ акнун метавонад бе назардошти мавқеи Сенат таъйин намояд, чун худи Сенат ҳам ихтисор карда шуд.