Аксҳои дидании ҳафтаи 26-уми соли 2016

Истироҳати муомилагарони покистонӣ дар вақти кории Бозори саҳҳоми Покистон дар шаҳри Карочӣ. (AFP/Ризвон Табассум)

Заноне, ки аз тарси тундравони гурӯҳи Давлати исломӣ фирор кардаанд ва ба пойгоҳи низомӣ дар Рамодӣ омадаанд. (Ройтерс)

Жан Клод Ҷанке, раиси Кумиссиёни Аврупо, Нигел Фараҷ, раиси Ҳизби Истиқлоли Бритониё, аз тарафдорони хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупоро истиқбол гирифт. Пеш аз ҷаласаи Порлумони Бритониё, ки масъалаи хуруҷи Бритониё баррасӣ шуд. (Ройтерс/Эрик Видал)

Ин марди шиамазҳаб зимни маросими Явми Алӣ дар ҳавои гармӣ Карочӣ дар Покистон худро сард мекунад. (Ройтерс/Ахтар Сумро)

Ниёиши як духтари эронӣ дар масҷиди ҷомеаи Имом Хоманаӣ дар шаҳри Теҳрон (AFP/Атта Keнаре)

Сарбози артиши Украина зимни даргирӣ бо ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шаҳри Авдийивка дар вилояти Донетск. (AFP/Анатолий Степанов)

Хабарнигоре бо вуҷуди истифода аз гази ашковар дар раҳпаймоии аққалиятҳои ҷинсӣ дар хиёбони Истиқлоли Истанбул маҳалли ҳодисаро тарк намекунад. Маъмурони пулиси Туркия ба зидди онҳое, ки ба раҳпаймоии беиҷоза баромаданд, аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар истифода бурд. (AFP/Озан Косе)

Сарбози афғон зимни ҷанг бо ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ дар ноҳияи Коти вилояти Нангарҳор артиллерияро ба кор мебарад. (epa/Ғуломулло Ҳабибӣ)

Баъзе аз аксҳои ҷолиберо аз манотиқи таҳти пӯшиши Радиои Озодӣ бубинед. Аксҳои ҳафтаи 26-уми соли 2016.