Толибзода гуфт, Тоҷикистон барои халосии се бонк аз таҳрим талош дорад

Фирдавс Толибзода

Раиси Бонки миллӣ гуфт, Тоҷикистон барои аз феҳрасти таҳримҳо берун овардани "Спитамебонк", "Душанбе Сити" ва "Коммерсбонк" талош дорад. Ин таҳримҳоро Шӯрои Аврупо ҷорӣ кардааст ва дар пайванд ба ҷанги Русия дар Украина.

Фирдавс Толибзода рӯзи 11-уми феврал ҳангоми нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, барои поин овардани хавфҳо ва пешгирӣ аз таҳримҳо чанд дафъа бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо мулоқот карданд ва баррасии масъала идома дорад.

Ӯ афзуд, "мехоҳем ё намехоҳем, чунин таҳримҳо ба бонкҳо таъсир мегузоранд", вале дар бораи пайомади ин тасмим ҷузъиёт надод.

Таҳримҳои Шӯрои Аврупо алайҳи “Душанбе Сити”, “Спитаменбонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” рӯзи 12-уми ноябри соли 2025 ба иҷро даромад. Далели ин қарор “ёрӣ ба Русия” гуфта шуд, ки “вазъро дар Украина бесубот мекунад”.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори нигаронии амиқ намуд.

Томаш Востовски, мушовири роҳбурдӣ (стратегӣ) дар мавриди муқаррароти Иттиҳоди Аврупо, гуфт, “ширкатҳои тоҷикистонӣ ба феҳрасти сиёҳи таҳримҳо бо он асос ворид карда шуданд, ки дар амалиёти аз дидгоҳи Иттиҳоди Аврупо мамнӯи бонкӣ мусоидат кардаанд.”