Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини раиси вазирони ҳукумати Толибон мегӯяд, ки бо Узбекистон дар мавриди барқарории хати оҳани Ҳайратон-Ҳирот ба созиш расидаанд.
Ин масъули ҳукумати Толибон, ки ба Узбекистон сафар карда буд, 23 феврал дар ин бора бо хабарнигорони афғон суҳбат кард.
Мулло Бародар гуфт, ки ба зудӣ ҳайати техникӣ аз Узбекистон барои омӯзишҳои фаннии ин хати оҳан ба Афғонистон сафар мекунад.
Ӯ афзуд, ки хароҷоти ин хати оҳанро Узбекистон пардохт мекунад ва даҳ рӯз пас аз такмили арзёбиҳо, кори амалӣ оғоз хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир интиқоли бору коло бо қатора аз Афғонистон ба Осиёи Миёна тариқи роҳи оҳани Ҳайратон-Мазори Шариф, анҷом мешавад.
Хати оҳани Ҳайратон-Мазори Шариф 75 километр дарозӣ дорад ва дар соли 2010 бо сармояи Бонки осиёии рушд такмил шуд.