Толибон мегӯянд, ҳеч кас ҳақ надорад, зидди онҳо гап занад

Мулло Ҳайбатулло Охундзода амири Толибон фармон додааст, ки ҳар касе онҳоро "беасос" танқид мекунад, ҷазо дода шавад.

Як мақоми баландпояи Толибон гуфтааст, набояд ба ҳеч кас иҷоза дода шавад, ки ба зидди ҳукумати ин гурӯҳ гап бизананд.

Дар видеое, ки телевизиони таҳти назорати Толибон ҳафтаи гузашта нашр кард, Мавлавӣ Абдулкабир, вазири муҳоҷирати Толибон дар нишасте бо ҳузури қабиласолорон дар вилоятҳои Хуст, Пактиё ва Пактико дар ноҳияи Думандаи вилояти Хуст мегӯяд, бояд ҷилави касоне гирифта шавад, ки Толибонро танқид мекунанд.

Ӯ мегӯяд: “Аморат ва миллат шариконашонро қурбонӣ доданд ва ин низоми амну исломӣ эҷод шудааст. Ин низом шарикӣ аст ва бо ҳам онро муҳофизат мекунем. Ба ҳеч кас на дар кӯҳ, на дар ҳамворӣ ва на дар кӯча иҷоза намедиҳем, як калима зидди амороти исломӣ бигӯяд. Агар касе мушкил дорад, мардонавор сӯҳбат кунад.”

Аз ин пештар Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон, бо як фармон дар аввали моҳи январ танқиди мардум ва расонаҳо аз мақомҳои Толибонро манъ кард. Ӯ дар ин фармон ҳушдор додааст, бархӯрд бо онҳое, ки фармонашро иҷро намекунанд, сахт хоҳад буд.

Дар хабаре, ки рӯзи душанбе, 5-уми январ мақомоти Толибон дар шабакаи Х мунташир карданд, ба нақл аз Охундзода омадааст, касоне, ки танқиди «беҷо» ва «дур аз воқеият» мекунанд ва зидди дастурҳои исломӣ бошанд, ҷазо мегиранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Cадои зан, ҳатто агар хондани Қуръон бошад, манъ аст." Қонуни нави Толибон

Аз замони бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон дар панҷ соли гузашта, озодии баён ба шиддат саркӯб шудааст. Бархе мардум дар Афғонистон мегӯянд, ки аз чунин фармонҳои Толибон бисёр нигаронанд. Як сокини шаҳри Ҳирот, ки аз ифшои номаш ба далоили амниятӣ худдорӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мардум ҳоло метарсанд ва наметавонанд садо баланд кунанд.

Ӯ афзуд: «Аслан касе наметавонад интиқод кунад. Касе, ки пеши рӯи инҳо бигӯяд, ҳамон дам саркӯб мекунанд ё бандӣ мекунанд ё шиканҷа медиҳанд. Мардумро метарсонанд ва касе садои худро баланд карда наметавонад. Озодии баён, ки аслан мо надорем."

Самиуллоҳ Сайҳун, фаъоли маданӣ мегӯяд, ки ин иқдомоти Толибон бар расонаҳо ва мардум дар Афғонистон таъсири манфӣ дорад.

Самиуллоҳ Сайҳун: «Тамоми фармон ва дастурҳое, ки барои эъмоли маҳдудиятҳои бештар алайҳи мардуми Афғонистон тавассути режими Толибон ва раҳбарии ин гурӯҳ содир мешавад, ба хотири хомӯш сохтани мардум ва хомӯш сохтани садоҳои эътирозии ҳақталабона ва адолатхоҳонаи мардум аст. Дар баробари режиме, ки ҳаққи озодии баён, ҳаққи зиндагиро гирифтааст ва бисёре аз мардуми Афғонистонро аз ҳуқуқи бунёдии башарияшон маҳрум сохтааст.»

Бо он ки ҳукумати Толибон мегӯяд, ба озодии баён эҳтиром мегузорад, аммо гурӯҳҳои ҳомии озодии сухан мегӯянд, ки расонаҳои дохилӣ танҳо метавонанд, бар асоси хост ва шароити пешгузоштаи ҳукумати Толибон фаъолият кунанд.

Як хабарнигор дар вилояти Нангарҳор, ки нахост номаш, дар гузориш зикр шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Фармони раҳбари Толибон озодии расонаҳо ва баёнро беш аз пеш маҳдуд мекунад. Мутаассифона, пас аз ин мардум ҳатто тавони баланд кардани садо алайҳи мақомҳои толибӣ, ки бар онон зулм мекунанд ё ҳуқуқашонро поймол месозанд, нахоҳанд дошт. Толибон мехоҳанд, низоми диктаторонаи худро беш аз пеш тақвият карда ва мардумро бештар саркӯб кунанд.»

Бо вуҷуди дархостҳои созмонҳои мухталиф, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Толибон барои лағви фармонҳои табъизомези гурӯҳ, Толибон ҳамвора бар иҷрои фармону дастурҳои Ҳайбатуллоҳ Охундзода таъкид кардаанд.

Толибон пас аз бозгашт ба қудрат дар соли 2021 бо судури фармонҳои мухталиф, маҳдудиятҳои зиёдеро дар бахшҳои гуногун ҷорӣ ва бахусус занону духтаронро аз ҳаққи кор ва таҳсил дар донишгоҳҳо маҳрум карданд.