Масъулони ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон мегӯянд, ки бар асари ҳамлаҳои ҳавоии шаби гузаштаи Покистон ба як дармонгоҳ дар шаҳри Кобул садҳо нафар кушта шудаанд. Ҷониби Покистон бо тасдиқи ин ҳамлаҳо гуфт, марказҳои низомии ҳукумати "Толибон" ва қароргоҳи Таҳрики Толибони Покистонро ҳадаф қарор додааст.
Ҳамдуллоҳ Фитрат, муовини сухангӯи ҳукумати "Толибон", иддао кард, ки дар ин ҳамлаи ҳавоии Покистон ба як бемористони муътодони маводи мухаддир дар шаҳри Кобул беш аз 400 нафар кушта шуда, 250 нафари дигар захм бардоштанд.
Ба гуфтаи Ҳамдуллоҳ Фитрат, дар ин ҳамла бемористони дуҳазорбистарии "Умед" ҳадаф қарор гирифт ва талошҳо барои наҷоти захмиҳо ва берун кардани ҷасади қурбониён идома дорад.
Баъзе аз расонаҳои Афғонистон шумораи кушташудаҳоро 250 нафар гуфтанд.
Вазорати иттилооти Покистон пеш аз ин иддао карда буд, ки ҳамлаҳои дақиқеро "алайҳи пойгоҳҳои низомӣ, анбори аслиҳа ва зерсохтҳои пуштибонии террористӣ" дар Кобул анҷом додааст.
Ҷониби Покистон гуфт, ки таркишҳои пас аз ҳамла ба таври ошкор нишон медиҳад, ки анборҳои калони васоили ҷангӣ мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Манбаъҳои покистонӣ гуфтаанд, ки ҳамлаи дувуми Покистон Раёсати истихбороти "Толибон" дар Вазорати корҳои дохилиро ҳадаф қарор додааст.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба таври мустақил наметавонад иддаои ҳар ду тарафро тасдиқ кунад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳамлаи ҳавоии Покистон ба як дармонгоҳи Кобул
Хабаргузории "Франс пресс" ба нақл аз хабарнигорони худ дар Кобул навиштааст, ки онҳо садои таркишҳои сахтеро дар Кобул шунидаанд. Ба гузориши ин хабаргузорӣ, байни соати 21:00 то 21:15 чандин таркиш шунида шуд ва сутунҳои дуд аз минтақаҳои Шаҳри нав ва Вазир Акбархон дар Кобул қобили мушоҳида буд.
Дар моҳҳои охир таниш миёни Покистон ва ҳукумати "Толибон" боло гирифтааст. Исломобод мегӯяд, ҳамлаҳои чанд моҳи охир дар минтақаҳои гуногуни Покистон ба низомиён ва ғайринизомиён, ки боиси кушта шудани даҳҳо нафар шуд, кори дасти ҷангҷӯёни Таҳрики Толибони Покистон ва "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ мебошад.
Ҳукумати Покистон мегӯяд, мақомоти "Толибон" дар Афғонистон ба аъзои Таҳрики Толибони Покистон (TTP) паноҳ додаанд. Толибон ин иттиҳомро рад карда, гуфтаанд, аз Таҳрики Толибони Покистон дар дохили Афғонистон ҳимоят намекунанд.