Дар панҷ соли охир содироти як навъи мева аз ҳудуди ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба Афғонистон тақрибан номумкин шудааст. Мақомот гуфтанд, бо бозгашти Толибон ба қудрат, ин бозори муҳими худро аз даст доданд.
Баъди ба сари қудрат омадани гурӯҳи Толибон дар Афғонистон фурӯши чормағзи заминии кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ ба сифр баробар шудааст. Ин нуктаро рӯзи 26-уми январ, Аъзам Ализода раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни нишасти матбуотӣ баён кард.
Ализода гуфт, то ба сари қудрат омадани гурӯҳи Толибон ба Афғонистон 20-30 %-и чормағзи заминии Мастчоҳ ба ҳамсоякишвар содир мешуд, ё тавассути он ба Эрон интиқол меёфт. Аммо баъди ба сари қудрат омадани Толибон аз байн рафт ва ба маҳсулоти кишоварзони ноҳияро бе харидори муҳим гузошт. Ҳоло ҳосили чормағзи заминии солҳои гузашта дар хонаву анбори мардум истодааст.
Аъзам Ализода гуфт: “Дар як сол аз 8 то 12 ҳазор тонна ҳосили чормағзи заминиро кишоварзони ноҳия ба даст меоранд ва ҳамаи онро наметавонем дар бозори дохилӣ истеъмол кунем. Барои ҳалли мушкили пешомада бо соҳибкорони ноҳия ҳамкорӣ кардем, аллакай ба шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ҳар ҳафта 20-30 тонна чормағзи заминиро ба ин минтақаҳо мебаранд, вале ин нокифоя аст.”
Раиси ноҳия дар баробари баёни мушкил изҳори хушнудӣ кард, Русия, ки соли гузашта содироти чормағзи заминиро манъ карда буд, имсол иҷозат додааст. Ҳоло соҳибкорон аз шаҳрҳои Исфара ва Истаравшану ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз Масчоҳ ба Русия чормағзи заминӣ содир мекунанд.
Аъзам Ализода гуфт, соли 2025 дар умум тақрибан 9 ҳазор тонна чормағи заминӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба солҳои қаблӣ кам аст, зеро камбуди харидор ва танг шудани бозори ин навъи маҳсулот, сабаб шудааст, ки онро кам кишт кунанд.
Ноҳияи Мастчоҳ яке аз истеҳсолкунандагони асосии чормағзи заминӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад. Ба гуфтаи кишоварзон, зиёда аз 90 дарсади чормағзи заминӣ дар вилояти Суғд дар Мастчоҳ парвариш мешавад. Чормағзи заминӣ аз анвои серғизои фаровардаҳои кишоварзӣ аст, ки дар саросари ҷаҳон харидори зиёд дорад.