Тоҷикистон содироти барқро кам кардааст

Тоҷикистон дар нимаи аввали имсол ба хориҷи кишвар қариб 1,5 милиард киловат соат барқ содир кардааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 7 дарсад камтар будааст.

Ба гузориши Вазорати энержӣ ва захираҳои об, бахши асосии барқ (702 миллион киловат соат) ба Афғонистон ва 338 миллион киловати дигар ба Узбекистон содир шудааст.

Манбаъ мегӯяд, маблағи барқи фурӯхташуда 292,2 миллион сомонӣ ($ 31,6 млн) аст.

Дар Вазорати энержӣ ва захираҳои об гуфтанд, 90 дарсади барқ "дар давраи зиёд гардидани резиши об дар дарёҳо, яъне моҳҳои апрел-июн содирот шудааст".

Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ карда наметавонад.

Шарҳи мақомот дар бораи содир шудани барқ танҳо дар давраи тобистон қаблан шубҳаву гумонҳоеро ба миён оварда буд.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика 10-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, созишномаи нави фурӯши барқ бо ширкати "Брешно"-и Афғонистон имзо шудааст. Вазир бидуни овардани ҷузъиёти бештар гуфт, муқаррароти ин созишнома аз санадҳои қаблӣ фарқи зиёд надорад.

Интиқоли барқ ба хориҷ дар шароите, ки мардуми Тоҷикистон дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон бо маҳдудият барқ мегиранд, танқидҳоеро ба миён оварда буд.

Бештар аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон, ки дар минтақаҳо зиндагӣ мекунанд, дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон то 6-8 соат барқ мегиранд.