Тоҷикистон қарзашро аз Чин кам кард. Душанбе аз кӣ чӣ қадар қарздор аст?

Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон дар нуҳ моҳи имсол 150 миллион доллар қарзи хориҷиашро кам кардааст. Ин нукта дар гузориши Вазорати молия омадааст, ки Радиои Озодӣ 20-уми декабр бо муҳтавои он шинос шуд.

Бар асоси ин санад, ба ҳолати 1 октябри соли 2025 қарзи хориҷии Тоҷикистон ба каме бештар аз 3 миллиард доллар расидааст, ки ба 17,2 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст. Дар аввали имсол қарзи хориҷии Тоҷикистон 3,1 миллиард долларро ташкил медод.

Бар асоси ин гузориши Вазорати молия, имсол Тоҷикистон қарзашро дар назди Эксимбонки Чин ва аз ҳисоби евробондҳо кам кардааст. Аз ҷумла қарзи Душанбе аз Эксимбонки Чин аз 820 миллион доллар ба 744 миллион доллар кам шудааст. Ин бонки чинӣ бузургтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон мебошад. Қарзҳои зиёди Чин қаблан нигарониҳоеро ба миён оварда буд.

Дар нуҳ моҳи соли 2025, Тоҷикистон ҳамчунин аз 500 миллион доллар маблағи евробондҳо 166 миллион доллари онро баргардондааст. Тоҷикистон дар соли 2017 барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба ним миллиард доллар “евробонд” фурӯхт. Ба муҳлати даҳ сол ва бо баҳраи солонаи беш аз 7-дарсадӣ. Тоҷикистон бояд ин маблағро то соли 2027 баргардонад.

Фурӯши евробондҳои Тоҷикистон як комёбии Ҷамолиддин Нуралиев, муовини вақти раиси Бонки миллӣ ва домоди президенти Тоҷикистон тавсиф мешуд. Ҳарчанд Бонки Осиёии Рушд дар соли 2018 гуфт, пардохти фоиз ё баҳраи “евробондҳо” ба иқтисоди Тоҷикистон гаронӣ мекунад.

Аммо дар соли равон қарзи Тоҷикистон дар назди созмонҳои молие чун Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва Бонки исломии рушд каме зиёд шудааст.

Тибқи омори Вазорати молия, Тоҷикистон то 1 октябри соли 2025 аз кишвар ва созмони молии ҷаҳонӣ ба ин миқдор қарздор аст:

ҚарздиҳандагонҚарз ба ҳолати 1 январи 2025Боқимондаи қарз ба ҳолати 1 октябри 2025
Бонки ҷаҳонӣ364,8 млн. доллар379,95 млн. доллар
Бонки Осиёии Рушд249,48 млн. доллар250,21 млн. доллар
Бонки Исломии Рушд219,46 млн. доллар250,31 млн. доллар
Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд208,61 млн. доллар225,17 млн. доллар
Фонди ОПЕК65,59 млн. доллар76,60 млн. доллар
Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд100,51 млн. доллар102,42 млн. доллар
Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ76,93 млн. доллар84,58 млн. доллар
Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD)21,14 млн. доллар21,55 млн. доллар
Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ58,76 млн. доллар63,23 млн. доллар
Хазинаи Байналмилалии Асъор189,53 млн. доллар190,84 млн. доллар
Фонди Кувайтии Рушд41,08 млн. доллар38,67 млн. доллар
Ҷумҳурии халқии Чин-Эксимбонк820,96 млн. доллар744,81 млн. доллар
KfW (Олмон)14,97 млн. доллар16,20 млн. доллар
Фаронса (Natixis Bank)20,79 млн. доллар23,48 млн. доллар
Фонди Абу-Дабии Рушд4,71 млн. доллар4,21 млн. доллар
Евробондҳо500 млн. доллар333,33 млн. доллар
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд132,39 млн. доллар138,45 млн. доллар
Ҷамъи қарзи хориҷии Тоҷикистон:3 187,64 млрд доллар3 037,29 млрд. доллар

Охири моҳи ноябри имсол хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба Вазорати молияи Тоҷикистон гузориш дод, ки Душанбе ният дорад, ки соли 2026 аз кишвар ва созмонҳои хориҷӣ 6,3 миллиард сомонӣ ё қариб 680 миллион доллар қарз гирад.

Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад соли оянда ҳудуди 5,1 млрд сомонӣ ё 548 миллион доллар қарзи хориҷиро баргардонад. Аз ин маблағ 3,3 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ ва 1,8 миллиард сомонӣ аз ҳисоби ширкатҳои давлатӣ, аз ҷумла "Барқи тоҷик" бояд пардохта шаванд.

Тоҷикистон барои идомаи сохтмони неругоҳи "Роғун" ва чанд барномаи дигар ба гирифтани қарз аз хориҷ ниёз дорад.