Тоҷикистон мехоҳад, ки муҳоҷирони корияш ба таври дастҷамъӣ танҳо ба як кишвар нараванд. Дар қонуни нав "Дар бораи муҳоҷират" аз давлати мушаххасе ном бурда нашуда, вале дар он таъкид гаштааст, ки Тоҷикистон муҳоҷиронро ба кишварҳои гуногун фиристода, "вобастагии муҳоҷират аз давлатҳои алоҳида"-ро коҳиш хоҳад дод. Қонун рӯзи 21-уми октябр ба иҷро даромад.
Роҳи беҳтарини коҳиши муҳоҷират ҷойи кор офаридан ва сатҳи саводи шаҳрвандонро боло бурдан аст.
Бар асоси омори расмӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳама бештар барои кору зиндагӣ ба Русия мераванд. Русия теъдоди муҳоҷирони тоҷикро беш аз як миллион нафар, аммо мақомоти Тоҷикистон камтар аз он ҳисоб кардаанд.
Бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия солҳои охир ва ба далели сахттар шудани сиёсати муҳоҷират дар он кишвар бо зулму фишори бештар рӯ ба рӯ шуда, боздошту таҳқир ва ё гурӯҳ-гурӯҳ аз онҷо ихроҷ мешаванд. Дар қонуни нави муҳоҷират дар Тоҷикистон бе ном бурдан аз кишвари хосе гуфта шудааст, ки минбаъд корҷӯёни тоҷикро ба ҷое мефиристанд, ки “сатҳи баланди ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои меҳнатӣ доранд”.
Дар қонуни пешина, ки аз соли 1999 амал мекард, чунин банд вуҷуд надошт.
Инро ҳам хонед:
Русия муҳоҷирони Осиёи Марказиро аз даст медиҳад. Бо амалиёту зӯриву маҳдудиятМақомоти Тоҷикистон дар қонуни нави муҳоҷират яке аз роҳҳои ҳалли масъаларо роҳандозии сафари муҳоҷирон ба кишварҳои гуногун, таҳияи рӯйхати ширкатҳое, ки ба кори муҳоҷирон ниёз доранд ва касбомӯзии шаҳрвандон бо дарназардошти талаботи корфармоёни хориҷӣ дидаанд.
Ҳамчунин Тоҷикистон қасд дорад, ки феҳрасти корфармоёнеро таҳия кунад, ки ҳуқуқи муҳоҷиронро поймол мекунанд ва онҳоро фиреб медиҳанд.
Як ҳуқуқшинос аз Душанбе, ки ба далели пеш наомадани мушкил дар кораш нахост номи ӯро зикр кунем, рӯзи 28-уми октябр гуфт, роҳҳои коҳиши муҳоҷират ба як кишвар дар қонун заиф ҳастанд.
"Дареғ, кишваре, ки муҳоҷир қабул мекунад, он тасмим мегирад, ки ба коргарони хориҷӣ чӣ гуна бархӯрд кунад. Метавонад талаби кишвареро, ки муҳоҷир мефиристад, иҷро накунад, ҳарчанд созишномаи дуҷониба ҳам вуҷуд дошта бошад. Мо инро дар мисоли Русия мебинем. Роҳи беҳтарини коҳиши муҳоҷират ҷойи кор офаридан ва сатҳи саводи шаҳрвандонро боло бурдан аст. Сатҳи муҳоҷиратро ҳадди ақал аз “кори сиёҳ” ба корҳои хубтар бояд боло бурд. Яъне, Тоҷикистон мисли Ҳинд мутахассисе омода кунад, ки кишварҳо онро бихаранд," – афзуд ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, низ соли 2024 ҳангоми сафараш ба вилояти Суғд роҳи ҳалро дар “бештар кор кардан, бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ" дониста буд.
Ӯ гуфта буд, ки “дар шароити имрӯза мо бояд ҳарчи бештар кор кунем, заҳмат кашем, созем. Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоем, барои ҳамдиёронамон ҷойҳои корӣ муҳайё кунем ва шиддати муҳоҷирати меҳнатиро то тавонем коҳиш диҳем."
Ин изҳорот ҳамагӣ пас аз чанд ҳафтаи ҳамлаи маргбор ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав, ки дар нақшарезӣ ва иҷрои он асосан шаҳрвандони Тоҷикистонро гунаҳкору зиндонӣ карданд, садо дод.
Аммо созмони Шаффофияти Байнулмилал (Transparency International) дар чанд гузориши худ фасоду ришвахориро дар Тоҷикистон як монеаи рушд дар ин кишвар донистааст, ки то замоне кам нагардад, пешрафте нахоҳад дошт.
Ин видеоро ҳам бинед:
"Тоҷикистон ҳамоно вобастаи пули муҳоҷирон аст"Тоҷикистон дар гузашта ҳам талош кардааст, роҳи муҳоҷирони тоҷикро ба ҷуз аз Русия ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Қатару Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Куриёи Ҷанубӣ боз кунад, вале то кунун дар ин замина натиҷаи хубе надоштааст. Ҳамчунин, гурӯҳи бисёр хурди шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори мавсимӣ ба Бритониё фиристода мешаванд.
Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 23-юми октябр хабар дод, ки дастикам бо даҳ ширкат, аз ҷумла дар бахши бинокорӣ, кишоварзӣ ва саноату нақлиёт дар вилояти Гроднои Беларус созишнома имзо карда, роҳи корҷӯёни тоҷикро ба онҷо боз карданист. Вазорат мегӯяд, маош аз 750 то 1200 доллари Амрико хоҳад буд, вале талаботи корфармо ин аст, ки вазъи саломати муҳоҷирон хуб бошад, забони русиро донанд ва доғи судӣ надошта бошанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Беларус гурӯҳе аз шаҳрвандони Узбекистонро низ бо маошу шароити беҳтар ба кор даъват карда буд. Аммо беш аз дусад муҳоҷири узбекистонӣ моҳи июли имсол шикоят карданд, ки корфармоён дар Беларус ба онҳо аз панҷсад то ҳазор доллар маош ваъда карда, аммо баъди расидан ба ҷойи кор музди камтаре пешниҳод намудаанд.