Тоҷикистон мехоҳад аз Чин сӯзишворӣ харад

Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон масъалаи ворид кардани маҳсулоти нафтӣ аз Чинро бо сафири Чин дар Душанбе баррасӣ кардааст. Дидори Далер Ҷумъа бо Го Жиҷун 29-уми июл баргузор шудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати энержӣ ва захираҳои об навишт, дар ин дидор "ба масъалаи воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Чин ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид".

Ҷузъиёти бештари ин масъала, аз ҷумла посухи Сафири Чин ба ин дархости мақомоти Тоҷикистон маълум нест.

Дар пайи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба корхонаҳои нафтии Русия давоми ду моҳи ахир, мақомоти Тоҷикистон дар фикри ворид кардани сӯзишворӣ аз дигар кишварҳо шудаанд.

Тибқи омори расмӣ, Тоҷикистон беш аз 90 дарсади сӯхтро аз Русия мехарад.

Масъалаи ворид кардани сӯзишворӣ ба кишвар 28-уми июл дар ҷаласаи моҳонаи ҳукумати Тоҷикистон ҳам баҳс шудааст.

Навор дар Инстаграм:

Тибқи омори расмӣ, аз моҳи январ то июни имсол ба Тоҷикистон қариб 600 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, бензин ва сӯхти ҳавопаймо (керосин) ворид шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 40 ҳазор тонна зиёд будааст.

Нархи сӯхт, бахусус сӯзишвории дизелӣ дар ду моҳи ахир ба таври назаррас боло рафт. Нархи як литр сӯзишвории дизелӣ аз 11 ба 17 сомонӣ расид.