Тоҷикистон мехоҳад, атташеҳои муҳоҷират таъйин кунад

Мақомоти Тоҷикистон таъйини атташе ё шахси масъул оид ба масъалаҳои муҳоҷиратро дар сафоратхона ва консулгариҳои кишвар баррасӣ доранд.

Ин нукта дар стратегия ё барномаи роҳбурдии ҳукумат барои танзими муҳоҷират омадааст.

Бар асоси ин санад, атташе оид ба масъалаи муҳоҷират дар сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар давлатҳое таъйин мешавад, ки муҳоҷирони тоҷикистонӣ зиёд ҳастанд.

Мақомоти тоҷик пешбинӣ кардаанд, ки бо таъйини шахси масъули вобаста ба масъалаи муҳоҷирон дар сафоратхонаҳои кишвар, "механизми ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳким бахшида мешавад".

Атташе ё шахси масъул дар сафоратхонаҳои кишвар кай ба кор оғоз мекунад, маълум нест. Мақомот бояд то ду соли оянда ин мавзӯъро омӯхта, ба ҳукумат гузориш диҳанд.

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия борҳо аз камтар фаъол будани Сафорати Тоҷикистон ва консулгариҳои кишвар дар ҳимоят аз муҳоҷирон, шикоят кардаанд.

Муҳоҷирон мегӯянд, дар ҳолатҳои зарурӣ сафорат ба доди онҳо намерасад ва аз ҳуқуқҳои онҳо ҳимоят намекунад.

Назаре, ки мақомоти Тоҷикистон рад карда гуфтаанд, Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони дармонда ёрӣ мерасонад.