Мақомоти Тоҷикистон дар дидор бо намояндагони Амрико бори дигар лағви иловаи қонуни "Ҷексон-Вэник"-ро нисбат ба Тоҷикистон баррасӣ кардаанд. Ин санад тиҷорати Амрикоро бо кишварҳое, ки дар онҳо ҳуқуқи башар поймол мешавад, маҳдуд мекунад.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 1-уми июл навишт, дар дидори вазир Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси Кумитаи корҳои хориҷии Каонгресси Амрико Брайан Маст, "лағви иловаи Ҷексон-Вэник нисбат ба Тоҷикистон баррасӣ шуд".
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин дидор, "масъалаҳои амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд".
Ҷузъиёти бештари ин дидор маълум нест.
Тарҳи “Ҷексон – Вэник” аз даврони шӯравӣ монда, тиҷорати Амрикоро бо кишварҳое, ки дар онҳо ҳуқуқи инсон поймол мешавад, маҳдуд мекунад.
Созмонҳои амрикоӣ ба мисли Хонаи Озодӣ ва Кумисюни байнулмилалии озодиҳои мазҳабӣ ҳар сол Тоҷикистонро ба поймоли ҳуқуқи одамон танқид мекунанд.
Онҳо аз ҳукумати Иёлоти Муттаҳида мехоҳанд, ки Тоҷикистонро дар феҳристи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” нигоҳ дошта, алайҳи баъзе аз мансабдорон таҳримҳои ҳадафманд ҷорӣ кунад.
Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта низ масъалаи “Ҷексон – Вэник”-ро бо намояндагони Амрико дар миён гузошта, то ин дам посухи мусбат нагирифтаанд.
Крис Марфи, намояндаи Сенати Амрико, соли 2023 хоста буд, кишвараш ин санади қадимиро беэътибор кунанд, то Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистону Қазоқистону Узбекистон тиҷорат ва додугирифти васеъро ба роҳ монад.
Додугирифти Тоҷикистон ва Амрико зиёд нест, аммо Иёлоти Муттаҳида ҳар сол ба воситаи барномаҳои гуногун ба Душанбе миллионҳо доллар мадад мекунад. Соли гузашта ширкатҳои Тоҷикистону Амрико бо ҳам ба маблағи беш аз 3 миллиард доллар созишнома имзо карданд.