"Тоҷикистон ҳамоно вобастаи пули муҳоҷирон аст"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як коршиноси Созмони Милал гуфтааст, ҳарчанд иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба рушд аст, ҳамоно аз муҳоҷирати корӣ ва пули фиристодаи шаҳрвандон аз хориҷа вобаста аст. Изҳороти Аттия Ворис, коршиноси мустақили Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ, рӯзи 31-уми август ва баъд аз поёни боздидаш аз Тоҷикистон нашр шуд.