Тоҷикистон дар радабандии нави FIFA се зина боло шуд

Акс аз бойгонӣ

Тими миллии Тоҷикистон дар радабандии нави FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол), ки дар сомонаи расмии ин созмони ҷаҳонӣ 6-уми июн нашр шудааст, се зина боло рафт ва бо 1225,52 имтиёз дар байни 211 дастаи мунтахаб ҷойгоҳи 100-умро касб намудааст.

Дар ин феҳрист мунтахаби Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо 1876,12 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Испания, қаҳрамони феълии Аврупо, бо 1873,01 имтиёз ҷойи дуюм ва мунтахаби Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, бо 1869,43 имтиёз мақоми сеюмро соҳиб шудаанд.

Инчунин ба даҳгонаи беҳтаринҳо тимҳои миллии Англия, Португалия, Бразилия, Марокаш, Нидерланд, Белгия ва Олмон дохиланд.

Аз байни тимҳои миллии кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи нави FIFA Украина (32-юм), Русия (35-ум) ва Узбекистон (50-ум) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Қирғизистон (106-ум), Арманистон (107-ум), , Қазоқистон (109-ум), Озарбойҷон (126-ум), Эстония (128-ум), Латвия (136-ум), Туркманистон (140-ум), Литва (148-ум) ва Молдова (159-ум) пеш буда, пас аз Украина (32-юм), Русия (35-ум), Узбекистон (50-ум), Гурҷистон (72-юм) ва Беларус (96-ум) ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойи 18-умро азони худ кардааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 18-ум), Эрон дар мақоми дуюм (дар ҷаҳон 20-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми сеюм (дар ҷаҳон 25-ум) мебошанд.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 99-ум ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум мебошад.

Ёдовар мешавем, тими миллии футболи Тоҷикистон зери раҳбарии Игор Ангеловский, мутахассиси 50-сола аз Мекодонияи Шимолӣ, дар бозии аввали дӯстона мунтахаби Ҳиндустонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Ин бозӣ дар доираи рӯзҳои расмии FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) 5-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд.

Пас аз натиҷагирии бозии аввали дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар радабандии нави FIFA Тоҷикистон се боло - ба ҷойгоҳи 100-ум - баромад ва Ҳиндустон се зина поин шуд - 139-ум.