Тоҷикистон дар радабандии FIFA дар ҷойгоҳи 100-ум қарор дорад

Акс аз сомонаи ФФТ

Тими миллии Тоҷикистон дар радабандии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки дар сомонаи расмии ин созмони ҷаҳонӣ 19-уми январ нашр шуд, як зина боло рафт ва бо 1224,93 имтиёз дар байни 210 дастаи мунтахаб ҷойгоҳи 100-умро касб намудааст.

Дар ин феҳрист мунтахаби Испания, қаҳрамони феълии Аврупо, бо 1877,18 имтиёз мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо 1873,33 имтиёз ҷойи дуюм ва мунтахаби Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, бо 1870 имтиёз мақоми сеюмро соҳиб шудаанд.

Инчунин ба даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллӣ Англия, Бразилия, Португалия, Нидерланд, Марокаш, Белгия ва Олмон дохиланд.

Аз байни тимҳои миллии кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (30-юм), Русия (36-ум) ва Узбекистон (52-юм) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Қирғизистон (103-юм), Арманистон (105-ум), Қазоқистон (114-ум), Озарбойҷон (127-ум), Эстония (129-ум), Туркманистон (137-ум), Латвия (139-ум), Литва (146-ум) ва Молдова (158-ум) пеш буда, пас аз Украина (30-юм), Русия (36-ум), Узбекистон (52-юм), Гурҷистон (73-юм) ва Беларус (98-ум) ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойи 17-умро азони худ кардааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 19-ум), Эрон дар мақоми дуюм (дар ҷаҳон 20-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми сеюм (дар ҷаҳон 22-юм) мебошанд.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 99-ум ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум мебошад. Феҳристи навбатии FIFA 1-уми апрели соли 2026 нашр хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки тими миллии Тоҷикистон барои роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 талош дорад. Бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дар гурӯҳи “А” байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин рӯзи сешанбеи 31-уми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 19 шуруъ мешавад. Ин бозӣ тақдири роҳхати ягонаро аз ин гурӯҳ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 ҳал хоҳад кард.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври панҷуми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин 13-имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷойи аввал ва Филиппин дар ҷойи дуюм қарор доранд.

Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва Молдив бидуни имтиёз дар ҷойи чорум мебошанд. Ҳарду даста аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 маҳрум гаштанд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.