Тоҷикистон чораҳои беҳдоштиро дар марз тақвият додааст

Озмоишгоҳи муассисаи таҳқиқоти зидди вабо дар Русия. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон баъди гузоришҳо дар мавриди вабо дар Русия бо ҳадафи пешгирӣ аз бемории сироятии хатарзо чораҳои беҳдоштиро дар гузаргоҳҳои марзӣ тақвият додааст.

Дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 5-уми октябр хабарро тасдиқ кард, аммо ҷузъиёт надод.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли Саид Давлатзода, сардори раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ, навишт, ки ҳарорат ё таби мусофиронро дар сарҳад месанҷанд.

Инчунин, ба гуфтаи ӯ, аз мусофирон пурсида мешавад, ки оё нишонаҳое аз дилбеҳузурӣ, дарди сар, заъфи бадан ва дарди мушак доранд ё на.

Ӯ аз мусофироне, ки аз Русия меоянд, даъват кардааст, ҳангоми доштани яке аз ин нишонаҳо ҳатман ба мутахассисон муроҷиат кунанд.

Сабаби роҳандозӣ шудани чунин тадбирҳо марги як зани 28-сола дар бемористоне дар вилояти Иркутски Русия мебошад.

Матбуот ва саҳифаҳои мухталиф дар Телеграм навиштанд, ки ин зан рӯзи 25-уми сентябр дар як озмоишгоҳ шишаи дорои манбаи ваборо шикаст ва худаш ба беморхона интиқол ёфт. Мақомоти беҳдоштӣ гуфтанд, ин зан аз “илтиҳоби шуши табиаташ номаълум” даргузашт.

Дар Қазоқистон ва Қирғизистону Узбекистон ҳам эълон карданд, ки чораҳои беҳдоштиро дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ сахттар кардаанд.