Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар даҳ моҳи имсол зиёда аз 32 миллион рубл ё беш аз 405 ҳазор доллар музди пардохтнашудаи муҳоҷиронро дар Русия аз корфармоён ситондаанд.
Дар ин бора рӯзи 2-юми ноябр намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар дод.
Ин ниҳод гуфтааст, чунин имкон дар пайи гуфтушунидҳо бо корхонаву муассисаҳои Русия имконпазир гашт.
Илова ба ин, навиштааст манбаъ, дар давоми соли ҷорӣ бо ёрии онҳо беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин шуданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Муҳоҷири тоҷике дар Маскав ба нӯги крани сохтмонӣ баромада маошашро талаб кардИз гузориш дар ҳоле нашр шудааст, ки қабулу ислоҳи зиёда аз 30 қонуну қоида дар Русия дар ду соли охир кору зиндагии муҳоҷиронро дар ин кишвар ба ҳадди охир мушкил гардондааст.
Ҳамчунин фишор ба муҳоҷирон барои рафтан ба артиши Русия ва ҷанг алайҳи Украина боис ба фирори баъзе аз онҳо гаштааст.
Ҳазорон нафар ихроҷ ё аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карда шуданд.
То чанд сол пеш шумори муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар Русия зиёда аз як миллион нафар гуфта мешуд.
Вазорати кору муҳоҷират гуфтааст, дар соли 2025 аз Тоҷикистон беш аз 700 ҳазор кас бо мақсади кор ба хориҷа, асосан ба Русия, рафтаанд.