Тоҷикистон барои рушди чорводорӣ қариб 20 миллион доллар грант мегирад

Мушкили чарогоҳ аз шикоятҳои асосии чорводорон аст

Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои беҳтар кардани зиндагии мардуми деҳот ва рушди чорводорӣ ба Тоҷикистон қариб 20 миллион доллар грант ё кумаки молии ройгон медиҳад.

Созишномаи мазкурро 26-уми май вазири молия ва мудири минтақавии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон имзо кардаанд.

Ба гузориши Вазорати молия, 19,7 миллион доллар барои татбиқи лоиҳаи "Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ ба чорводорӣ" (AMAL) сарф мешавад. Саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар ин тарҳ 2,3 миллион доллар будааст.

Ҳадафи асосии лоиҳа рушди чорводорӣ "тавассути беҳтар намудани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ, идоракунии устувори чарогоҳҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим" гуфта шудааст. Ҷузъиёти бештари ин тарҳ маълум нест.

Дар Вазорати молия гуфтанд, лоиҳа ҳамчунин рушди соҳибкории хурду миёна ва васеъ намудани дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавиро дарбар мегирад.

Дар Тоҷикистон, ки ҳудуди 70 дарсади сокинонаш дар деҳот ба сар мебаранд, кишоварзӣ аз бахшҳои муҳими иқтисод гуфта мешавад. Аммо дар солҳои ахир кишоварзон аз камбуди об, гарон будани нуриҳои минералӣ ва фишори мақомот барои кишти пахта шикоят доранд.