Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнати Тоҷикистон бо пахши як эълон шаҳрвандони кишварро барои кор ба давлати Қатар даъват кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, ҷойҳои корӣ дар самти хидматрасонӣ ва фурудгоҳу меҳмонхонаҳо пешбинӣ шуда, барои хоҳишмандон донистани забони англисӣ ва арабӣ муҳим аст.
Хадамоти муҳоҷират гуфтааст, музди маош барои кор дар ин вазифаҳо дар Қатар аз 800 доллар, муодили 8000 сомонӣ, оғоз мешавад.
Пули виза ё раводид, билети ҳавопаймо, ҷойи хоб, хӯроки якдафаина, либоси корӣ, корти роҳ ва хидматрасонии тиббӣ аз ҷониби корфармо пардохт мешудааст.
Дар як соли ахир ин бори чандум аст, ки мақомоти тоҷик бо нашри эълон барои Қатар коргар меҷӯянд. Моҳи апрели имсол ҳам Вазорати меҳнат шаҳрвандонро барои кор дар он кишвар даъват карда буд.
Маълум нест, ки то ин дам чӣ теъдод а бо ин даъватҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Қатар рафтаанд ва дар кадом шароит он ҷо фаъолият доштанд.
Мақомоти Тоҷикистон солҳои ахир талош доранд, ба ҷуз Русия, роҳи муҳоҷирони тоҷик ба дигар кишварҳо боз шавад. Аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир фиристода мешаванд. Вале шумораи онҳо зиёд нест.