Тоҷикистон барои ҳалли мушкили беобӣ 20 милион доллар мегирад

Аксари сокинони деҳоти Тоҷикистон аз камбуди оби ошомиданӣ азият мекашанд

Бонки Ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо барои таъмини сокинони се ноҳияи вилояти Хатлон бо оби ошомиданӣ, ба Тоҷикистон зиёда аз 20 милион доллар медиҳанд.

Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ 19-уми июн дар хабарномае навишт, 12,5 милион евро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва 5,9 миллион долари дигар аз сӯи Ассотсиатсияи байналмилалии рушди Бонки ҷаҳонӣ ҷудо шудааст.

Шарту шароити додани ин маблағ эълон нашудааст.

Манбаъ мегӯяд, "ҳадафи лоиҳа фароҳам овардани дастрасии шумораи бештари аҳолӣ" дар ноҳияҳои Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ ва Восеъ ба оби ошомиданӣ аст. Таҳкими иқтидори муассисаҳои таъмини об ва беҳдоштӣ аз мақсадҳои дигари ин тарҳ гуфта мешавад.

Ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва санитарияи Тоҷикистон соли 2022 оғоз шуда, ҳадафаш таъмини 280 ҳазор аҳолии деҳот бо оби ошомиданӣ эълон шудааст.

Бино бар омори расмӣ, ҳоло танҳо 41 дарсади аҳолӣ ва асосан сокинони шаҳрҳо ба шабакаи оби ошомиданӣ пайвастанд.