Тоҷикистон тайи маросиме ба намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ мукофоти давлатӣ дод.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин маросим рӯзи 21-уми сентябр дар ҳошияи нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ба Анна Бйерде, мудири иҷроияи амалиётҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва Антонелла Бассани, ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ дар умури минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои "саҳми арзишманд дар таҳким ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ" ордени "Дӯстӣ" тақдим кардааст.
Бонки Ҷаҳонӣ яке аз шарикони рушди Тоҷикистон ба шумор меравад.
Намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон дар соли 1996 таъсис ёфтааст. Дар ин муддат Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон садҳо миллион доллар қарзу грант ҷудо кардааст.
Ин маблағҳо асосан ба бахшҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, энержӣ, тандурустӣ, маориф, таъмини об ва арсаҳои дигар равона шудаанд.