Тоҷикистон барои кумак ба мардуми осебдида дар Эрон дар 110 мошин ёрии башардӯстона фиристодааст.
Мақомот гуфтанд, ин ёрӣ аз 3610 тонна бор, аз ҷумла дору, маводи беҳдоштӣ, либоси кӯдакон, хӯрокворӣ, рахти хоб, хайма ва масолеҳи сохтмонӣ иборат аст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон навишт, ки корвони мошинҳо рӯзи 18-уми март ба роҳ баромад ва "ба зудӣ дастраси мардуми ниёзманд мешавад".
Узбекистон, Туркманистон ва Озарбойҷон ҳам хабар доданд, ки барои мардуми зиёндида аз низоъ дар Эрон кумак фиристоданд.
Ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил дар тақрибан се ҳафтаи охир миллионҳо нафарро дар дохили Эрон овора карда, нигарониҳоро дар кишварҳои ҳамсоя дар бораи эҳтимоли сарозер шудани паноҳҷӯён ба вуҷуд овардааст.
Комиссариати олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид (UNHCR) эълон кард, ки барои ниёзҳои эҳтимолии башардӯстона дар минтақа омода мешавад. Арзёбии ин ниҳод нишон медиҳад, ки қариб се миллиону 200 ҳазор нафар дар дохили Эрон ба таври муваққатӣ овора шудаанд. Бештари онҳо аз Теҳрон гурехтаанд.
Исроил ва Иёлоти Муттаҳида рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд ва ин ҷанг то кунун идома дорад. Дар ҳамлаҳои Исроил ва Амрико шуморе аз раҳбарони олирутбаи Эрон ва фармондеҳони низомии ин кишвар кушта шуданд.
Эрон дар посух ба шаҳрҳои гуногуни Исроил ва кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии Амрико мебошанд, ҳамла кард.