Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кушта шудани навраси тоҷик Қобилҷон Алиевро дар мактабе дар вилояти Маскав "қатъиян маҳкум карда", аз мақомоти Русия талаб намудааст, ки ҳодисаро ҳамаҷониба таҳқиқ кунанд. Ҳодиса рӯзи 16-уми декабр рӯй дод.
Вазорат рӯзи 17-уми декабр дар изҳороте заминаи кушторро бегонаситезӣ номида, гуфт, дар пайванд ба ҳодиса сафири Русияро дар Душанбе даъват карданд ва ба ӯ нота ё ёддошт супурданд.
Дар изҳорот омадааст, дар нота "аз ҷониби Русия талаб шудааст, ки ин ҳодисаи фоҷиабор фаврӣ, воқеъбинона ва беғаразона таҳқиқ шуда, ҳамаи шахсони дахлдорро тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашад".
Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин навиштааст, ба сафорати Тоҷикистон дар Русия дастур дод, ки бо наздикони навраси ҳалокшуда пайваста дар тамос бошад ва ин масъаларо зери назорат гирад.
Рӯзи 16-уми декабр дар натиҷаи ҳамлаи як ноболиғ ба мактаби Успенская дар Одинтсовои вилояти Маскав Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик кушта шуд. Навори ҳамла ва куштани ин наврас ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва хашми корбаронро ба миён овард.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки вазир Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев дар бораи ин ҳодиса телефонӣ гап задаанд.
“Дар рафти суҳбати телефонӣ қайд гардид, ки содир гардидани чунин ҷиноятҳои мудҳиш метавонад боис ба вазъи ногувори ҷомеа гардида, боз барои дигар гурӯҳҳои радикалии миллатгаро талқин ва таҳрики содир намудани чунин ҷиноятҳо гардад", – омадааст дар хабари расмии ВКД.
Ба иттилои манбаъ, Раҳимзода аз Колоколтсев талаб кардааст, ки "сабабу омилҳои ҳодиса ҳамаҷониба санҷида ва чораҷӯӣ карда шавад".
Бори аввал нест, ки наврасони тоҷик дар Русия ба таври ваҳшиёна кушта мешаванд.
Қатли Хуршеда Султонова, духтари нӯҳсолаи тоҷик, дар Санкт-Петербург, дар моҳи феврали соли 2004 аз нахустин қазияҳои пурсарусадои куштори муҳоҷирони тоҷик дар Русия буд. Ҷавонони миллатгарои рус ба Хуршеда Султонова ва падараш ҳамла карда, ба бадани ӯ 13 корд заданд. Соли 2011 сабабгорони марги тифли тоҷик ба ҳукми абад маҳкум шуданд, вале пештар додгоҳе дар Русия онҳоро ба майдаавбошӣ маҳкум карда буд. Ин қарор хашми расонаҳо ва мардумро барангехт.
Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз назди хонаашон дар Русия рабуда шуд ва ҷасади ӯро рӯзи дигар дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан ёфтанд. Мақомоти интизомӣ он замон гуфта буданд, ки дар ҷасади кӯдак осори таҷовузи ҷинсӣ мушоҳида мешавад. Гунаҳкор ба қатли ӯ ба ҳабси абад маҳкум шуд. Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода, баъд аз эълони ҳукм гуфт, ҳарчанд фаромӯш кардани ҳодиса мушкил аст, умрбод зиндонӣ шудани қотили фарзандаш ӯро то андозае хештандор кардааст.