Тоҷикистон аз Бунёди Абузабӣ 100 миллион доллар қарз мегирад

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода (чап) ва Мудири кулли Бунёди Абузабӣ оид ба рушд Муҳаммад Сайф Ал-Сувайдӣ

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи қарзиро бо Фонд ё Бунёди Абузабӣ тасвиб кардааст. Қарор аст, Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" аз ин фонд 100 миллион доллар қарз гирад.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, 25-уми феврал дар назди вакилон гуфт, 100 миллион доллар ба муҳлати 17 сол ва бо 2,5 дарсад баҳра ё фоизи солона гирифта мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" аз ниҳодҳои молии байнулмилалӣ сармоя ҷалб кунанд.

Бонки Ҷаҳонӣ соли 2024 барои сохтмони "Роғун" 350 миллион доллар грант ё қарзи бебозгашт ҷудо кард.

Ба иттилои Вазорати молия, Тоҷикистон барои идомаи сохтмони "Роғун" ҳамчунин аз Бонки осиёии сармоягузорӣ ва зерсохторӣ 270 миллион доллар қарз гирифтааст.

Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бояд то соли соли 2032 мавриди баҳбардории комил қарор гирад ва Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад, ки ҳоло мардумаш ҳамасола аз норасоии нерӯи барқ азоб мекашанд.