Акбарҷон Исмоилов, тоҷики зодаи Қазоқистон, узви Шӯрои мардумӣ шудааст

Акбарҷон Исмоилов. Акс аз соли 2024

Акбарҷон Исмоилов, тоҷики зодаи Қазоқистон, узви Шӯрои мардумии ин кишвар шудааст.

Ин ниҳоди тозатаъсис 126 намоянда дорад ва мақоми олии машваратӣ ба шумор меравад.

Ҳимоят аз манфиатҳои мардуми Қазоқистон аз вазифаҳои аслии он номбар мешавад.

Акбарҷон Исмоилов рӯзи 26-уми сентябр дар паёми хатӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро чаҳор рӯз пеш раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба ин мақом таъйин кард.

Вай 38-сола аст ва дар вилояти Улутави Қазоқистон дар оилаи рӯҳонии тоҷик, Яҳёхоҷа Исмоилов, зода шудааст.

Таҳсили миёнаро дар Қазоқистон гирифт ва соли 2016 Донишгоҳи Мадинаро хатм кард.

Ба соҳибкорӣ машғул аст ва чандин ширкатро асос гузоштааст.

Аз соли 2017 то 2022 роҳбари Маркази тоҷикони шаҳри Остона буд. Аз моҳи сентябри соли 2022 роҳбари Маркази ҷумҳуриявии фарҳангӣ ва этникии тоҷикон ва аз соли 2023 муовини раиси Ассамблеяи халқҳои ин кишвар буд.