Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар як ҷаласаи видеоӣ масъалаҳои вобаста ба таъмини шаҳрвандони кишвараш бо ҷойи кор ва даромади онҳоро баррасӣ кардааст.
Мирзиёев бори дигар таъкид карда, ки масъалаи шуғл ва даромади аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва раҳбарони тамоми сатҳҳоро ҳушдор додааст, ки дар ин замина бетаваҷҷуҳӣ накунанд.
Бино ба хабари расонаҳо, яке аз мавзуъҳои дигари матраҳшуда дар ҷаласа муҳоҷирати кории муназзам ва бехатар будааст.
Ба иттилои расонаҳо, давоми моҳҳои январ-марти имсол 58 ҳазор ва моҳи апрел 57 ҳазор шаҳрванди Узбекистон аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд.
Интизор меравад, то охири соли равон 250-300 ҳазор муҳоҷири дигари узбекистонӣ ба ватан баргардад.
Дар ҷаласа ба масъалаи таъмини муҳоҷирони баргашта бо ҷои кор таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир карда шудааст.